Рӯзи қабули тадбиркорон дигар шуд

Рӯзи қабули тадбиркорон дигар шуд

Дар вилоят бо мақсади коҳиш додани иштироки давлат дар иқтисодиёт, ҳимояи ҳуқуқҳои соҳибкорон, пурзӯрсозии устувории мулки хусусӣ, дастгирии ташаббусоти тиҷоратӣ чорабиниҳои зиёд амалӣ мешаванд.
Ҳокими вилоят Э.Турдимов қабули тадбиркорон ва шунидани муроҷиату муаммоҳои онҳоро то ҳол рӯзи ҷумъа мегузаронд. Минбаъд рӯзи душанбе ташкил кардани қабули соҳибкорон таъин гардид.
Ба ҳамин муносибат рӯзи 12-уми август дар Садорати ҳудудии Палатаи савдову саноати вилоят вохӯрии навбатии ҳокими вилоят бо тадбиркорон баргузор гардид.
Барои иштирок дар вохӯрӣ 42 нафар тадбиркор аз рӯйхат гузаштанд.
То рӯзи қабул муроҷиати 25 нафар соҳибкор ҳалли худро ёфт.
Муроҷиати 17 нафар тадбиркорон дар рафти қабул муҳокима гардида, аз рӯйи иҷрои масъалаҳо ба мутасаддиён як ҳафта муддат дода шуд ва назорати иҷрои онҳо ба зиммаи ҳокимият ва Садорати ҳудудии Палатаи савдову саноати вилоят вогузошта шуд.
Инчунин, дар доираи вохӯрӣ муроҷиатҳои соҳибкорон ва субъектҳои тадбиркорӣ ҳаматарафа таҳлил гардиданд.
Ба масъулон супориш дода шуд, ки нисбати сардори Садорати ҳудудии Палатаи савдову саноати вилоят Ш.Юлдошев, сарвари Садорати адлияи вилоят С.Нуриев, сармеъмори вилоят Б.Элмуродов ва архитектори шаҳри Самарқанд Ф.Мардонқулов барои вайрон кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурияти Ӯзбекистон “Дар бораи шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ” мувофиқи тартиби ҷорӣ масъалаи ҷавобгарии маъмурӣ дида шавад.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: