30 истгоҳи замонавӣ сохта мешавад

30 истгоҳи замонавӣ сохта мешавад

Садорати нақлиёти вилоят дар шаҳру ноҳияҳо сохтмонии 19 истгоҳи замонавиро идома медиҳад.
Мувофиқи хабари хизмати ахбори Вазорати нақлиёт дар доираи Барномаи «Қишлоқи обод» дар роҳҳои дохилии автомобилӣ сохтани 30 истгоҳ ба нақша гирифта шуда, онҳо то Иди истиқлол ба истифода супорида мешаванд. Истгоҳҳо ба ивази 623 миллиону 753 ҳазор сӯм маблағе, ки аз тарафи Садорати нақлиёти вилоят ҷудо шудааст, сохта мешаванд.
То ҳол дар ноҳияҳои Пахтачӣ, Нарпай ва Қӯшработ 3-тогӣ, дар ноҳияҳои Нуробод, Оқдарё, Булунғур ва Пайариқ 2-тогӣ, дар ноҳияҳои Тайлоқ ва Каттақӯрғон 1-тогӣ сохтмони истгоҳҳо давом дорад.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: