Ҳаҷми содирот меафзояд

Ҳаҷми содирот меафзояд

  • Post category:АСОСИ

Дар ноҳияи Иштихон 1187 хоҷагии ангурпарварӣ фаъолият мебарад. Дар 4297 гектар токзор соле зиёда аз 50000 тонна ангур расонида мешавад. Навъи кишмиши сиёҳ ва офтобии ангур бо серҳосилӣ аз дигар навъҳо тафовут дорад. Аз ин рӯ, дар 4200 гектар навъи кишмиши сиёҳ ва зиёда аз 100 гектар навъи офтобӣ парвариш карда мешавад. Соли гузашта корхонаҳои содиротии ноҳия беш аз 5000 тонна мавизро ба зиёда аз 10 корхонаи хориҷӣ фиристонданд. Дар давоми 7 моҳи соли ҷорӣ ба миқдори 1636000 доллари амрикоӣ маҳсулот ба хориҷ фурӯхта шуда бошад, 80 фоизи онро ангур ва маҳсулоти мавиз ташкил мекунад.