Самарқанд мизбони фестивали миллии “Silk Road Bazaar”

Самарқанд мизбони фестивали миллии “Silk Road Bazaar”

  • Post category:АСОСИ

Дирӯз дар кӯчаи ба номи Ислом Каримови шаҳри Самарқанд зери ҳамкории Кумитаи давлатии ривоҷдиҳии туризми Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ва ҳокимияти вилояти Самарқанд фестивали ҳунармандии миллии “Silk Road Bazaar” кушода шуд.
Дар фестивал, ки бо мақсади таъмини иҷрои қарори Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон таҳти рақами ҚП-3609 “Дар бораи чораву тадбирҳои таъмини ривоҷдиҳии салоҳияти туризми вилояти Самарқанд дар солҳои 2018-2019” ташкил гардид, беш аз 80 нафар ҳунармандони вилоятҳои Самарқанд, Фарғона, Қашқадарё ва шаҳри Тошканд бо маҳсули ҳунармандии худ иштирок доранд.
Ба ин фестивали бонуфуз, ки бори аввал ташкил мегардад, беш аз 3000 нафар сайёҳони хориҷӣ таклиф карда шудаанд, ки ба онҳо 14 ширкати сайёҳӣ хизмат мерасонад.
Ду ҷониби роҳ дар асоси анъанаи бозорҳои Шарқи Қадим оро дода шуда, ҷамоаҳои этнографии фолклорӣ ва сарояндагони эстрада баромадҳо карданд. иштироккунандагон аз намоишҳои саҳнакунонидашудаи бачагон баҳравар гардиданд.
Хотирнишон мекунем, ки фестивали миллӣ то 26-уми август давом мекунад.