Эътибор ба меҳнати шоёни ҳамдиёрон

Эътибор ба меҳнати шоёни ҳамдиёрон

  • Post category:АСОСИ

Тибқи фармони Президентамон Шавкат Мирзиёев, ки рӯзҳои 28-29-уми август имзо намуданд, ба муносибати 27-солагии Истиқлолияти Ватанамон як гурӯҳ ҳамдиёронамон бо унвонҳои фахрӣ, орден ва медалҳои давлатамон мукофотонида шуданд. Дар қатори онҳо аз вилояти Самарқанд ходимон ва собиқадорони соҳаҳои гуногун низ ҳастанд.
Дар арафаи ҷашни бошукӯҳ дар ҳокимияти вилоят маросими ботантана супоридани мукофотҳо баргузор гардид.
Иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Э. Турдимов иштирокдоронро таб­рик карда, таъкид намуд, ки меҳнати дар роҳи равнақи Ватан, фаровонии халқ иҷрогардида ҳаргиз беэътибор намемонад.
– Дар вилояти мо низ инсонҳое, ки дар роҳи амиқгардонии ислоҳоти иҷтимоиву иқтисодӣ, ободонии шаҳру деҳотамон, беҳтарсозии дараҷаи зисти халқ заҳмат мекашанд, зиёданд, — гуфт Э. Турдимов.
– Имсол дар арафаи ҷашни Истиқлол мувофиқи фармони Президентамон 14 нафар ҳамдиёронамон сазовори мукофотҳои давлатӣ гардиданд. Онҳоро аз номи аҳли вилоят самимона муборакбод мегӯем.
Мукофотҳои баланди давлатиро аз номи Президент иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Э. Турдимов ботантана супурд.

Фозили МУҲАММАДҶОН.