Ташаббускорони “Ташаббус–2018” муайян гардиданд

Ташаббускорони “Ташаббус–2018” муайян гардиданд

  • Post category:АСОСИ

Дирӯз дар боғи ҷавонони шаҳри Ҷумаи ноҳияи Пастдарғам зинаи ноҳиявии озмун-азназаргузаронии анъанавии “Ташаббус-2018” барои тӯҳфаи Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон гузаронида шуд.
Дар тадбир беш аз 80 нафар тадбиркорон, ки дар соҳаҳои саноат, хизмати маишӣ, истеҳсолот кор мебаранд, инчунин, фермер ва ҳунармандон байни худ қувва озмуданд.
Мувофиқи натиҷаҳои ниҳоӣ дар равияи «Тадбиркори беҳтарини сол дар соҳаи савдо» роҳбари Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «MAROQAND KABEL INVEST»-и ноҳия Ӯлмас Аллаёров, дар номинатсияи “Тадбиркори беҳтарини сол дар соҳаи хизматрасонӣ” сарвари ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “UMIDJON FARM” Ҳилола Фармонова, дар равияи “Тадбиркори ҷавони беҳтарини сол” директори ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “NAFAS KO’CHIMOV ANVAR ASLI” Анвар Кӯчимов, дар самти “Фермери беҳтарини сол” раиси хоҷагии фермерии “Дилафрӯз”-и ноҳия М.Дангалова, дар номинатсияи «Ҳунарманди беҳтарини сол» Турғун Тошбеков ғолиб гардида, ҳуқуқи иштирокро дар зинаи вилоятӣ ба даст оварданд.
– Ҳар сол озмун-азназаргузаронии мазкур аз рӯйи се номинатсия гузаронида мешуд, — гуфт тадбиркори ҷавон Анвар Кӯчимов. – Соли ҷорӣ боз ду равия ҳамроҳ гардид, ки яке аз онҳо “Тадбиркори ҷавони беҳтарини сол” мебошад. Ин аз эътибор ва ғамхории сарвари мамлакатамон ба мо ҷавонон гувоҳӣ медиҳад ва моро водор месозад, ки боз ҳам фаъол ва ташаббускор бошем. Имрӯз аз рӯйи самти мазкур дастболо гардидам ва умед дорам, ки дар зинаҳои минбаъда низ комёбӣ ба ман ёр мегардад.
Инчунин, дар озмун аз рӯи равияҳои “Бонуи тадбиркори беҳтарини сол”, “Лоиҳаи инноватсионии беҳтарин” низ ғолибон муайян шуда, бо мукофотҳо сарфароз гардиданд.

Собир БОБОҚУЛОВ,
ҷонишини сарвари Садорати ҳудудии Палатаи савдову саноати вилояти Самарқанд.