Сессияи Шӯрои вилоят

Рӯзи 5-уми декабр сессияи панҷоҳу ҳафтуми Шӯрои намояндагони халқи вилоят баргузор гардид.
Ба сессия раиси Шӯро, иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Э.Турдимов раисӣ кард. Дар он иҷрои буҷети барои соли равон пешбинишуда ва корҳое, ки барои ба буҷети маҳаллӣ ҷалб намудани маблағҳои иловагӣ амалӣ гардидаанд, муҳокима карда шуданд.
Аз рӯйи ин масъала сардори садорати давлатии андози вилоят Ш.Аҳмадов ҳисобот дод.
Дар ҳисобот қайд гардидааст, ки барои 11 моҳи соли 2018 аз 1507,9 миллиард сӯми пешбинишуда, дар амал 1785,8 миллиард сӯм ситониданд.
Дар натиҷа иҷро кардани нақшаи пешбинишуда ба 118,4 фоиз ба буҷет ба таври иловагӣ 277,8 миллиард сӯм маблағ дохил гардид. Нақшаи барои соли 2018 муайян шудаи 1653,3 миллиард сӯмина 1-уми декабри соли равон ба 108 фоиз иҷро шуд.
Агарчӣ нақшаи пешбинишударо иҷро карданд, вале 407,0 миллиард сӯмина супориш — реҷаи иловагӣ барои соли 2018 1-уми декабри соли равон ба 277,8 миллиард сӯм (68,3 фоиз) иҷро гардиду бас.
Нишондиҳандаҳои пешбинишуда доир ба ситонидани маблағи иловагӣ дар ноҳияҳои Ургут, Каттақӯрғон, Иштихон ва Булунғур аз нақша кам мебошанд.
Дар сессия аз рӯйи масъалаи мазкур ҷонишинони ҳокими вилоят, роҳбарони сарсадорати молияи вилояту ташкилотҳои дигар ва депутатҳо фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.
Аз ҷумла, пешниҳодҳо доир ба баланд бардоштани маданияти андоздиҳии аҳолӣ, дидани чораҳои иловагии корхона ва ташкилотҳо доир ба рӯёндани қарз аз андоз, ба таври муайяншуда аз рӯйхат гузаронидани автомобилҳои боркаше, ки ба таври ноқонунӣ бо расонидани хизмати нақлиётӣ машғуланд ва дидани чораҳо оиди гирифтани андоз ба миён гузошта шуданд.
Сессия аз рӯйи ҷамъбасти муҳокимаҳо қарор қабул кард.