Асоси ривоҷёбии мамлакат ва некӯаҳволии ҷамъият

Асоси ривоҷёбии мамлакат ва некӯаҳволии ҷамъият


Конститутсияи ҳар як давлат чун пойдевори асосии қонунҳо барои тараққиёти давлат хизмат мекунад. Аз ин рӯ, дар бораи солномаи таҳияи Қомуси асосӣ, ҷараёнҳои мураккаб ва муҳими он, ба забон овардани аҳамияти таърихӣ, асосҳои бунёди давлати конститутсионӣ, созмони ҷамъияти шаҳрвандии озод, саҳми сарқонун дар болоравии маънавӣ ва иқтисодии мамлакат сухан гуфтан ҷоиз аст.
Вақте ки оиди ин сухан меравад, бояд гуфт, ки дар бунёди “бино”-и конститутсионӣ ба таҷрибаи давлатдории миллии қариб сеҳазорсола такя карда шудааст. Дар Конститутсияи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон орзуҳои чандинасринаи мардуми Хоразм ва Суғдиёни қадим, Қарохониён, Хоразмшоҳиён, Темуриён, хонигариҳо, маърифатпарварон ва халқамон дар бораи бунёди давлати соҳибистиқлол таҷассум ёфтааст.
Инчунин, дар таҳияи конститутсияи мамлакатамон таҷрибаи 97 мамлакати пешқадами Шарқу Ғарб ва Ҷанубу Шимол ба инобат гирифта шудааст.
Боиси эътироф аст, ки таърихи созмони конститутсия – қисми таркибии мубориза барои истиқлолият мебошад.
Ин воқеаҳои муҳим ва мутаассири кишварамон дар моҳи марти соли 1990 ба миён омадааст. Ҳамон замон, яъне чанде пеш аз эълон намудани истиқлолият, сессияи якуми Шӯрои Олӣ даъвати дувоздаҳум, дар ҷумҳуриятамон, ки дар таркиби собиқ иттифоқ буд лавозими президентӣ ҷорӣ карда шуд, масъалаи рамзҳои давлатӣ муҳокима гардида, дар ин бобат комиссияи махсус ташкил карда шуд. Ғояи таҳияи конститутсияи аввалини Ӯзбекистони соҳибистиқлол маҳз дар ҳамин сессия пешниҳод гардид.
Қадами ҳуқуқӣ дар бобати созмони конститутсия бо ташкили комиссияи конститутсионӣ вобаста аст.
Бо қарори Шӯрои Олӣ 21-уми июни соли 1990 бо сарварии Аввалин Президенти мамлакатамон Ислом Каримов комиссияи конститутсионӣ ташкил гардид, ки он аз 64 нафар арбобони давлатӣ, депутатҳо, мутахассисон таркиб ёфта буд. Лоиҳаи конститутсия аз тарафи комиссия дар беш аз 2 сол тайёр карда шуд.
Қадами ҳуқуқии дуввум дар таҳияи конститутсия – барои муҳокимаи умум дар матбуот эълон кардани лоиҳаи конститутсияи аввалин буд.
Комиссияи конститутсионӣ кори иҷрошударо пазируфт ва 8-уми сентябри соли 1992 лоиҳаи конститутсияро барои муҳокимами умум гузоштанд ва муҳокима дар доираи васеъ сурат гирифт.
Ба комиссияи конститутсионӣ аз мардум беш аз 600 адад нома омад, ки дар онҳо халқ фикру мулоҳизаҳои худро баён намуда буданд. Инчунин, дар матбуоти ҷумҳурӣ доир ба лоиҳаи конститутсия беш аз садто мақола чоп гардиданд. Пешниҳодҳои шаҳрвандон аз 5 ҳазор афзуд.
Қадами навбатии ҳуқуқӣ дар таҳияи конститутсия – бори дуввум барои муҳокимаи умумихалқӣ дар матбуот эълон кардани конститутсия буд.
Лоиҳаи конститутсия дар асоси таклифу пешниҳодҳое, ки дар рафти муҳокима баён гардиданд, аз нав ба тартиб дароварда шуд. Сипас, 21-уми ноябри соли 1992 бо мақсади давом додани муҳокимаи умумихалқӣ бори дигар дар газетаҳо нашр карда шуд.
Ҳамин тавр, муҳокимаи умумихалқӣ дар ду зина амалӣ гардид. Ин амалиёт аз як тараф вазифаи рағбатноксозии пурзӯр барои фаъолсозии иштироккунандагони муҳокимаҳо гардида бошад, аз тарафи дигар халқонагии Қомуси асосии мамлакатамонро таъмин намуд. Лоиҳаи конститутсия аз экспертизаи ҷамоатчигии васеъ гузаронида шуд.
Қадами охирини ҳуқуқӣ дар таҳияи конститутсия – қабули лоиҳаи конститутсия мебошад.
Комиссияи конститутсионӣ 6-уми декабри соли 1992 лоиҳаи конститутсияро бори охирин муҳокима кард.
Дар он ҷиҳатҳои ба худ хоси таҷрибаи конститутсионии ҷаҳон ба ҳисоб гирифта шуд. Лоиҳаи конститутсияро мутахассисони Созмони Милали Муттаҳид, Шӯрои ҳамкорӣ ва бехавфӣ дар Аврупо, ташкилотҳои бонуфузи байналхалқӣ, ИМА, Британияи Кабир, Франсия барин давлатҳои демократӣ бодиққат экспертиза намуданд.
Аз тарафи депутатҳои парламент ҳар як моддаи конститутсия муҳокима гардида, ба он боз як қатор дигаргуниҳо дохил карда шуданд ва 8-уми декабри соли 1992 Қомуси асосии кишварамон қабул гардид. Ҳамон рӯз санаи 8-уми декабр чун Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон эълон карда шуд.
Дар ғоя ва нормаҳои Конститутсияи Ӯзбекистон таҷрибаи чандинасрина ва қадриятҳои маънавии халқамон, мероси бойи таърихӣ-ҳуқуқии мардумамон ифода ёфтааст. Чунин баҳои баланд ва холисонаро нисбати Қонуни асосии мамлакатамон бо сабабҳои зерин эзоҳ доданамон мумкин аст:
Якум, конститутсияи мо дар ҳақиқат конститутсияи демократист. Ҳуҷҷатест, ки дар худ қадриятҳои умумиинсонӣ ва умумибашарии аз санҷишҳои таърих гузаштаро ва андозаҳои байналхалқиро дар худ муҷассам намудааст.
Дуввум, конститутсияи мо дар асоси такя ба таҷрибаи таърихии давлатҳои ривоҷёфта ва тараққикарда таҳия шудааст. Дар ин самт, таҷрибаҳои конститутсионии пешсафи хориҷиро омӯхтем ва ба эътибор гирифтем. Натиҷаи ин аст, ки ҳоло Қомуси асосии мо дар миқёси ҷаҳон ҳам бо конститутсияи ҳар як давлати мутараққӣ баробар аст.
Сеюм, ғоя ва нормаҳои конститутсия бо решаҳои таърихии халқамон асоснок кунонида шудааст ва қадриятҳои маънавӣ, таҷрибаи чандинасрина, мероси авлодҳои бузургамонро дар бар гирифтааст.
Хулоса, ҷараёни таҳия, муҳокима ва қабули конститутсия, «ҳуҷҷати асосии давлатро чун давлат ва миллатро ҳамчун миллат ба ҷаҳон эътирофкунанда», дар худ ирода, руҳият, шуури иҷтимоӣ ва маданияти мардумро ифода кардани ин ҳуҷҷати тақдирсоз, маҳсули тафаккур ва эҷоди халқамон будани онро тасдиқ мекунад.


Ӯткир УСМОНОВ, 
роҳбари шӯъбаи вилоятии Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ.