Мусобиқаи  шоҳмот дар хонаи матбуот

Мусобиқаи шоҳмот дар хонаи матбуот

Рӯзи шанбе дар Хонаи матбуоти вилоят бахшида ба 26-солагии Конститутсияи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон мусобиқаи шоҳмотбозони ҳаваскор барои гирифтани тӯҳфаҳои рӯзномаҳои «Зарафшон» ва «Самаркандский вестник» баргузор шуданд.
Он бо ташаббуси ҳокимияти вилоят дар ҳамкорӣ бо шӯъбаи вилоятии Бунёди хайриявии «Маҳалла», садоратҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, матбуот ва ахбори вилоят, инчунин, шӯъбаи вилоятии Иттиҳодии журналистони Ӯзбекистон ташкил гардид.
Дар маросими кушодашавии мусобиқа ҷонишини ҳокими вилоят Рустам Қобилов, сармуҳаррирони газетаҳои вилоятӣ Фармон Тошев ва Баҳодур Раҳмонов, бобои гроссмейстери байналхалқии ҷавонтарин Ҷавоҳир Синдоров — Комил Синдоров, директори иҷрочии Федератсияи шоҳмот Абдуваҳҳоб Воҳидов ва дигарон оиди ҷамъбасти зинаҳои ҳудудии мусобиқа, ривоҷи шоҳмот дар мамлакатамон, аҳамияти он барои бардоштани салоҳияти ақлии одамон, тартиби гузаронидани мусобиқа ва ғайра ҳарф заданд.
Дар зинаҳои шаҳриву ноҳиявии мусобиқа 1,5 ҳазор нафар шоҳмотбозони ҳаваскор қувва озмуданд. Дар зинаи вилоятӣ 32 нафар аз бонуҳо ва 32 нафар аз мардҳо қувваозмоӣ намуданд.
Дар мусобиқа гросмейстери байналхалқӣ, ғолиби чемпионатҳои ҷаҳон ва Осиё, Ҷавоҳир Синдоров барои шоҳмотбозони навраси самарқандӣ машғулоти маҳорат (мастер – класс) гузаронида, ду маротиба дар як вақт бо 15 нафар бозид ва ҳамаи онҳоро мағлуб сохт.
Дар мусобиқаи мардҳо ҷойи якумро Собир Ниёзови ҷомбоӣ, ҷойи дуввумро Худойбердӣ Бобобекови тайлоқӣ ва ҷойи сеюмро Иброҳим Раҳимови ургутӣ ишғол намуданд.
Дар мусобиқаи бонувон ҷойи аввал ба Ҳулкар Кенгбоеваи нурободӣ насиб карда бошад, ҷойҳои дуввуму саввумро Дилнора Ӣӯлдошеви каттақӯрғонӣ ва Шоҳиста Назароваи пахтачигӣ ба даст оварданд.
Ғолибу ҷоизадорони мусобиқа бо тӯҳфаҳои қиматбаҳои ташкилотчиён сарфароз гардиданд.


Ҷ.ОБИДОВ.