Самарқанд мизбони чемпионати Ӯзбекистон

Самарқанд мизбони чемпионати Ӯзбекистон

Имрӯзҳо дар Маркази захираҳои олимпии вилоят аз рӯйи намуди бокси варзиш байни калонсолон чемпионати Ӯзбекистон гузаронида мешавад.
Дар чемпионати мазкур, ки рӯзи 11-уми декбар оғоз гардид, аз Ҷумҳурияти Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд 277 нафар муштзанҳои ботаҷриба қувва меозмоянд.
Боиси эътироф аст, ки дар байни онҳо Ҳасанбой Дӯсматов, Иқболҷон Холдоров, Рустам Тӯлаганов, Бобоусмон Ботиров ва Миразиз Мирзохалилов барин чемпионҳои Олимпиада ва ҷаҳон низ ҳастанд.
Дар маросими кушодашавии чемпионат ҷонишини ҳокими вилоят Р.Қобилов, сармураббии ҷамоаи умумии Ӯзбекистон доир ба бокс М.Қурбонов ба сухан баромада, ба иштироккунандагон муваффақият хостанд.
Дар мусобиқае, ки дирӯз гузаронида шуд, Мансур Исматуллоев, Худойназар Файзов, Нодирҷон Мирза Аҳмедов (дар вазни 52 кг.), Одилҷон Аслонов, Шаҳзод Ҷўраев, Темурхон Собиров (дар вазни 75 кг.), Шуҳрат Абдуллоев, Ҷўрабек Тоштемиров (дар вазни 81 кг.), Иқболҷон Муродов, Профсор Роримша (дар вазни 91 кг.), Шаҳзод Сулаймонов, Рустамҷон Исмоилов (дар вазни беш аз 91 кг.) ғолиб гардиданд.
Хотирнишон мекунем, ки чемпионат то 17-уми декабр давом карда, дар он аз рӯи 8 тоифаи вазн (-52, -57, -63, -69, -75, -81, -91, ва +91 кг) ғолибон муайян мегарданд.

Ҳ.СОДИҚОВ.