Бародарони шоҳмотбоз

Бародарони шоҳмотбоз

Соли гузашта Сардорхон Исмоилови 3-соларо бибиаш Гулчеҳра Хоҷаева ба мактаби варзишии бачагон ва наврасони ба намудҳои бозӣ ва атлетикаи сабук ихтисосонидашудаи вилоят супурда буд. Дар давоми як сол Сардорхон асрори шоҳмотбозиро омӯхта, дар мусобиқаҳои вилоятӣ иштирок кард. Дар озмуни вилоятӣ оид ба шоҳмот, ки дар байни кӯдакон гузаронида шуд, ҷойи дуввумро гирифт.
Бародари Сардорхон Асрорхон низ дар миқёси вилоят ғолиб омада, ба озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт.

Мехоҳам набераҳоям шоҳмотро хуб омӯхта, дар оянда чемпион шаванд. Ман аз мураббиёни онҳо миннатдорам, — мегӯяд бибии бозингарон Гулчеҳра Хоҷаева.
Ҳоло Сардорхон ва Асрорхон Исмоиловҳо ҳамроҳи мураббиёни худ Ҷамшед Акобиров ва Парвиз Воҳидов ба мусобиқаҳои навбатӣ тайёрӣ мебинанд.

Ҳасан СУЛАЙМОНӢ.