Санъат – саодат аст

Санъат – саодат аст


Зери ин мавзӯъ рӯзҳои 19-20-уми декабр дар Хонаи меҳрубонии рақами 10-и мавзеи Сартеппаи шаҳри Самарқанд ва толори хурди коллеҷи санъати шаҳр консертҳои хайриявӣ баргузор гардид.
Якчанд моҳ муқаддам санъаткори хушовози вилоятамон, Ҳофизи хизматнишондодаи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Эркинҷон Қайтаров бо мақсади тарғиб намудани санъати мақом, ривоҷ додани он, якҷоя бо 5 нафар толибилми курси якуми коллеҷи санъати шаҳри Самарқанд ва ду нафар устод — созандаҳои коллеҷ барои омода намудани барномаи консертии мазкур миён баста буданд. Э.Қайтаров дар ин муддат ба шогирдонаш — Беҳзоду Далер, Рус­таму Умед ва Шоҳсултон асрори иҷрои сурудҳои миллӣ ва мақомро омӯхт.
Дар консерт бо иҷрои муштараки Э.Қайтаров ва шогирдонаш — «Дугоҳ ҳусайн-4» (ғазали Дилафгор), «Сегоҳ» (ғазали Хуршед), «Ёввои тановар» (суруди халқӣ) барин суруд­ҳои миллӣ иҷро гардиданд. Эҷодкорон, журналистони шинохта, устодони кафедраи сарояндагии анъанавӣ, ҳаводорони санъати мақом, тарбиягирандагони хонаи меҳрубонӣ, толибилмони коллеҷ ва дигар меҳмонон иштирокдорони консерт буданд. Инчунин, толибилмони курси якуми коллеҷ маротибаи аввал барномаи консертии худ­ро пешкаш карда, кайфияти ҳозиронро болида намуданд.

Ҷ.ОБИДОВ.