Чун теғ буррон, чун моҳ тобон, чун хуршед хандон

Чун теғ буррон, чун моҳ тобон, чун хуршед хандон


ЗОДРӮЗ
Рӯзи 22-юми декабри соли 2013. Пагоҳӣ офтоб нурпошӣ намуда, ҳаво мисли баҳорон софу беғубор буд. Мо ходимони рӯзномаи «Овози Самарқанд» ҳам либосҳои сабук пӯшида, ба кор омадем. Нохост осмонро абри сиёҳ фаро гирифта, раъду барқ шуд. Шамоли сахте вазида, шохи дарахтони урёнро ба ҷунбиш овард. Борони сел борид. Қарибии пешин ҳама ба замин фаромадани барфи лак-лакиро тамошо кардем. Аксар афсӯс мехӯрдем, ки либоси ғафс напӯшидаем ва ҳатто чатр ҳам надорем. Дар бозгашт хунук мехӯрем.
Пас аз соате абрҳо пароканда шуда, ҳаво равшан ва чеҳраи офтоб намудор гашт. Ҳаво гарм шуд…
Ин вақт котиба ҳамаро ба хонаи кории сармуҳаррир даъват намуд.

Дӯстони азиз. Дар як рӯз меҳру нафосати баҳор, ҳарорати тобистон, саховати тирамоҳ ва қаҳри зимистон муҷассам буд, — сухан оғоз намуд собиқ сармуҳаррири «Овози Самарқанд» О.Хидиров. – Имшаб шаби дарозтарин, яъне шаби ялдост. Бо ҳамин гуна хислатҳо ҳамкори мо, рӯзноманигори фаъол, мудири шӯъбаи иқтисод, ҳунарманди беҳтарин, сарояндаи хуш­овоз, инсони хоксору дарёдил Шавкати Баҳром ба дунё омадааст. Ӯ имрӯз 52-сола шуд.
Аз ин ташбеҳи сармуҳаррир ҳама ба ваҷд омада, қарсак заданд.
РИНДИ ҲОФИЗ
Шавкати Баҳром инсони хоксору оддӣ, устоди меҳрубон ва донандаи касби худ буд. Баробари дар соҳаи журналистӣ қалам задан девони Ҳофизу Бедилро меомӯхт. Гоҳе аз ғазалҳои Ҳофиз фол мекушоду гоҳе толеву хислатҳои ҳамкоронро пешгӯӣ мекард. Аз асрори кафшиносиву чеҳрашиносӣ ҳам хабардор буд.
Ман бештар ӯро ба ринди Ҳофиз монанд мекардам. Дар ҷараёни дарс дар донишгоҳ устод Садрӣ Саъдиев хислатҳои ринди Ҳофизро номбар менамуданд:

Ринд бо моли дунё сару кор надорад. Фақир аст, ҷанда мепӯшад, май менӯшад!. Лекин олами ботинии вай хеле бой аст. Кошона!
Беихтиёр пеши назар симои Шавкат­ака ҷилвагар мегашт, ки ҳангоми фориғ аз кор дар даст гитор гирифта, ғазалҳои Ҳофизро ба оҳанг дароварда, дилнавозу форам месуруд. Чун медид, ки ҳамкорон барои шунидани суруд ба ҳуҷрааш ҷамъ мешаванд, сарашро хам карда, бо ангуштонаш чолокона ба торҳои гитор нохун мезад. Оҳанги шӯху ҷаззоб танинандоз мегашт ва Шавкатака аз он илҳом гирифта, мехонд:
«Овози Самарқанд»-у дили бози Самарқанд,
Парвозӣ шуд ин лочини шаҳбози Самарқанд.
Дар ҳар гузари шаҳр басо роз ниҳон аст,
Пӯшида намонад дигар он рози Самарқанд!

Ҳама хомӯшона ӯро гӯш мекардем. Хаёлҳоямон ба дуродур парвоз менамуд. Аз ҳама бештар ин мисраъҳо ҳамаро ба фидокорӣ даъват менамуд:

Хоҳам ҳама овозаи шерона бигирад,
Овози самарқандӣ ба «Овози Самарқанд»!..

Дилрабо НАСИМӢ.