Шаҳри орзуҳо

Шаҳри орзуҳо


Аҳрор саҳарӣ коргоҳ рафт ва ба ҷонишини худ чанд супориш дода, таъин кард, ки ду-се рӯз ба кор намеояд. Ба ӯ вазифаҳоро мефаҳмонду хотираш парешон буд. Аз ҳамон рӯзе, ки Назарбобо ба ӯ маслиҳати деҳа рафта, аз волидонаш хабар гирифтанро дод, дар олами бехудӣ мегашт. Чӣ кор карданро намедонист? Меандешид, ки баъди се соли ҷудоӣ ӯро чӣ гуна пешвоз мегиранд? Ба хона роҳ медиҳанд ё дарро ба рӯяш мепӯшанд?! Падараш ӯро барои ин нодонияш, ки дар се сол ақаллан маротибае суроғ накард, мебахшад ё не…
…Яккаписари хонадон аз кӯдакӣ чун фарзанди нозпарвар калон шуд. Ҳама ӯро болои даст мебардоштанд. Сухани ӯ барои аҳли оила амр буду иҷрояш ҳатмӣ. Падараш – Нодирамак ҳар чизе, ки Аҳрор мехост, муҳайё мекард. Дар урфият “ҷӯйро об вайрон кунад, одамро – одам” мегӯянд. Чанд дӯстони авбош Аҳрорро бероҳа карданд. Шабу рӯзро ҳамроҳи онҳо мегузаронд ва танҳо вақте ки пул даркор шуд, роҳи хонаро меёфт. Ҳамроҳонаш ҳам бо давлати ӯ “дӯст” буданд, на бо худаш. Ҷавони худбин, худписанд ва якрав буд. Падару модар бо умеде, ки хонадор шуда шояд ақлаш дарояд, дар нуздаҳсолагӣ арӯс оварданд. Соҳиби фарзанд шуд, вале Аҳрори порина буд: ҷӯрабозӣ, арақнӯшӣ ва авбошиҳои худ­ро давом медод.
Нодирамак фаҳмид, ки Аҳрор қиморбозӣ мекунад. Шаб нисф шуд, аммо хобаш намебурд. Берун баромада, рӯ-рӯйи ҳавлӣ қадам мезад. Дили падар тагу рӯ мегашт. Лабрези алам буд, ки наход писари ягонааш қиморбоз шавад…
Ҳамсараш-Шарофатхола чанд маротиба хоҳиш кард, ки даромада хоб равад. Саҳар бо Аҳрор сӯҳбат мекунад. Нодирамак “не” гуфта ҷавоб дод. Ҳаракат мекард, ки оташи ғазаби худро хомӯш кунад, аммо наметавонист. Қарибиҳои субҳ Аҳрор омад. Вай чунон маст буд, ки ҳатто дар пешайвон нишастани падарашро нафаҳмид.

Аз куҷо меоӣ? – пурсид Нодирамак.
Аҳрор андак ҳушёр шуда, ба тарафе, ки овоз баромад нигоҳ кард ва падарашро дида, бепарвоёна гуфт:

Аз пеши… ҷӯраҳоям…

То саҳарӣ чӣ номаъқулӣ кардӣ?! – оташин аз ҷой хест Нодирамак.

Ба ман… дӯғ зада… гап назанед, — аранг гуфт Аҳрор.

Чӣ хел гап задан даркор?

Одам барин!

Бо онҳое, ки одаманд, одам барин гап мезананд. Туро аз ҳайвон фарқат набошад, чӣ хел одамвор гап задан мумкин.

Ҳайвон нагӯед, — дод зад Аҳрор.
Аз садои онҳо Шарофатхолаву келини хонадон- Насиба рӯйи ҳавлӣ баромаданд.

То ҳол дар даст ҳунаре надорӣ. Аксари ҳамсолонат қӯш-қӯш хонаву мошин доранд. Туро кори аниқ нест.

Кор меёбам…

Кор меёбӣ? Дар Ҷиззах ба кор мондам, баъди як моҳ ҳуҷҷататро ба дастат доданд. Бухоро бурдам, кор вазнин гуфта гурехтӣ. Навоиро нагӯем… Аз қафои беҳунарият то ҳол дастнигарон…

Чӣ?.. Дастнигарон!..
Шарофатхолаву Насиба кӯшиш мекарданд, ки Аҳрорро хона дароранд. Аммо якравӣ карда, пеши падараш рафт.

Пулатонро миннат мекунед?

Ҳа! Миннат мекунам!

Ман ба пулатон… зор нестам… Бе пули шумо ҳам рӯзам мегузарад… – дағдағакунон гап мезад Аҳрор.

Бар падари ту барин фарзанда калон кардагӣ лаънат! — Нодирамак хост Аҳрорро тарсакие занад.

Вазнин шавед мардак. Писарамон маст, чӣ гуфтанашро намедонад? – пеши ӯро гирифт Шарофатхола ва ба Аҳрор гуфт:

Писарам хонаатба даро… хоб рав. Пагоҳ гап мезанед.

Чӣ хел хонааш? – қатъӣ гуфт Нодир­амак. – Дар ин сакалту на хона ҳасту на ҷойи зист? Кӯча — хонаи вай! Барояд, дар ҳамон ҷо хоб равад.

Шумо… маро аз хона… баромада рав гуфтед, — дасти худро раҳо карда, боз пеши падараш омад Аҳрор. – Дар кӯча… хоб рав… гуфтед? Ман… ҳеҷ вақт… дар кӯча… намемонам. Шумо хато кардед… – гуфт ва ба Насиба рӯй оварда дод зад:

Даро Асрорро гир, меравем…
…Аз ҷойи кор хонаи Назарбобо омада, фарзандонашро гирифт ва бо пирамард хайрухуш карда, ба роҳ баромаданд. Аҳли оила аз ин қарори сарвари хонадон бениҳоят хушнуд буданд, ки бобову бибии худро мебинанд…
…Аҳрор шаҳри Навоӣ омад ва чанд рӯз дар хонаи хоҳараш монд. Баъдтар квартираи духонагиеро ба иҷора ёфт, ки дар он боз як оила зиндагӣ мекард. Бо кӯмаки почояш дар дӯконе кор сар кард. Чун ҳамешагӣ ҳар рӯз менӯшид. Соҳибдӯкон ин ҳолро дида, ҳафтае нагузашта ӯро аз кор пеш кард. Ҷустуҷӯ карда, дар сохтмони биное кор ёфт. Дар аввал музди меҳнат­ро сари вақт медоданд. Аммо баъдтар кор ранги дигар гирифт: ҳафтаҳо мегузаштанд, аммо аз ҳаққи меҳнат дарак набуд. Ноилоҷ кори дигар ёфт: баъди кори сохтмон дар самбӯсахона кор мекард. Маблағи ёфтааш базӯр ба рӯзғор мерасид. Рӯз то рӯз аз ёру дӯстон қарзаш зиёд мешуд. Мефаҳмид, ки хато кард, аммо ба қафо роҳеро намедид…
…Ду канори роҳи калоне, ки ба Ҷиззах мебурд, дарахтзор буд. Либоси тиллоранги дарахтон дар дили инсон эҳсосоти наҷиберо бедор мекард. Гарчанд рамзи хазонист, ба дил як фараҳмандиро илқо менамуд. Аҳрор бори аввал бо ин роҳ мерафт. Се сол пеш ҳам аз Навоӣ азми Ҷиззах карда буд, аммо…
…Мувофиқи таклифи яке аз дӯстонаш, ки дар Ҷиззах кор мекард, бо хешовандони навоигӣ хайрухуш карда, аҳли оила бору бӯғча дар даст ба истгоҳи Навоӣ-Тошканд омаданд. Нархи роҳкиро дар осмон буд. Аҳрор бо оилааш дар як канор меистод, ки ҷавоне омад:

Ба куҷо роҳ гирифтед, ака? – салом дода пурсид ҷавон.

Ҷиззах.

Нархи мошинҳо қимат. Беҳтараш шумо бо мошинҳои роҳ равед. Бо нисфи пули роҳкиро ба манзил мерасед, — таъкид кард ҷавон ва фаҳмонда дод. Аён гардид, ки ӯ ронанда буда, аз Навоӣ ба шаҳри Каттақӯрғон бо мошин сабукров киро мекунад. Аҳрор ба таклифи ҷавон розӣ шуд ва дар мошини ӯ ба роҳ даромаданд. Аҳрор дар банди хаёлот печида буд. Ин ҳама ноомади корашро аз сабуксарӣ, якравӣ ва гапнодароии худ медонист. “Падару модарамро норозӣ кардам. Дуояшонро нагирифтам. Онҳоро ранҷондам. Ин ҳама сазои ман аст. Худоҷон, маро бубахш. Барои ин ҳама хатоҳоям” аз дил мегузаронд Аҳрор ва ногоҳ садои чархи мошин баланд шуду ба чизе сахт бархӯрд. Ронандаи идораи мошинро аз даст дод ва он аз роҳ баромад. Ин ҳама гӯё дар як миҷа задан рух доданд. Ҳама тез аз мошин поён фаромаданд. Мошин ба автобусе бархӯрда, пешаш то нисф даромада буд. Чанд нафар ронандаи беҳушро аранг гирифтанд. Сари як ду нафар кафида, дандонҳои чанде аз мусофирон шикаста, биниҳояшон хуншор буд. Аҳрор шукр мекард, ки ба аҳли оилааш чизе нашудааст. Ӯ фаҳмид, ки дар ин ҷо истодан ба зарари кор аст. Аз ин рӯ, зуд ҷойи садамаро тарк кард…
…Ду канори роҳ ду оламе буд: як тараф саҳро ва тарафи дигар кӯҳҳои осмонбӯс. Мошин қад-қади қаторкӯҳи Нурато ба пеш, сӯйи манзил мешитофт.
– Дар уфқ он чизи кабудранг чист? – пурсид Асрори кунҷков.
– Ҳайдаркӯл, — гуфт Аҳрор, – яке аз кӯлҳои калонтарини Ӯзбекистон.
– Обаш аз куҷо меояд?
– Он кӯл аст, писарам. Обаш аз ягон ҷой намеояд. Аз замин мебарояд ва дар як ҷой қарор мегирад.
Пас аз сукути кӯтоҳ Асрорҷон гуфт:

Зиндагонии кӯлвор шавқе надорад. Монанди дарё зистан лозим. Дарёдил бояд буд…
– Ин пойкӯби Назарбобост, ки ҳар як суханаш ганҷ аст, — хандида гуфт Насиба…
…Аҳли оила бо сад мушкилӣ ба истгоҳи Улуғбеки Самарқанд расиданд. Роҳкирояшон намонд. Ҳавои зудтағйирёбандаи баҳор аллакай чеҳра дигар карда буд: субҳ рухсори нурбори наварӯсеро мемонду ҳоло пиразани димоғсӯхтаро. Борон сар кард. Аҳрор ба дӯсташ занг зад, то ҳолатро фаҳмонад ва ӯ баромада онҳоро қабул кунад. Телефони ӯ хомӯш буд ва манзили зисташро ҳам Аҳрор намедонист. Қарор кард, ки ду-се рӯз дар Самарқанд ба иҷора хонае ёфта, мардикорӣ кунад ва баъд Ҷиззах равад. Аҳли оила қад-қади роҳи калон, ба поён роҳ гирифтанд. Дари чанд хонадонро кӯфтанд. Ҳама мегуфтанд, ки иҷорашин намегиранд. Борон то рафт шиддат мегирифт. Бо паҳлӯи расадхонаи Мирзо Улуғбек поён рафта, ба тарафи рост даромаданд. Насиба бо кӯдаки ширмак дар зери дарахте истод. Аҳрор як-як дарҳоро мекӯфт ва ҷавоби радро мешунид. Ниҳоят, занги дари калони кабудрангро зер кард. Садое набаромад. Бори дуввум пахш кард. Аз дарун шарфаи по шунида шуд ва пирамарде дарро кушод. Қади хамида, чеҳраи гандумранг дошт. Дар мӯю абрӯвонаш сафедӣ дамида буд.

Салом, амакҷон, — даст сари сина гузошт Аҳрор.

Ваалайкум ассалом, писарам.

Амакҷон, ман барои як-ду рӯз квартира мекофтам.

Афсӯс, ки мо иҷорашин намегирем.

Дар ин гузар квартираҳо ҳастанд?

Не, дар гузари мо нест. Шумо биноҳои бисёрқабатаро ё маркази шаҳрро кобед. Шояд аз ҳамон ҷо ёфт шавад, — гуфт пирамард ва чашмаш ба паҳлӯи дигари роҳ афтод, ки оби ҷӯй ба роҳ мебаромад.

Раҳмат, амакҷон. Узр, шуморо безобита кардем.

Не-е, ҳеҷ гап не.
Борон авҷ мекард. Ҳамин дам пирамард аз нав дар даст каланд баромада, роҳи обро кушод ва ҳангоми бозгашт Аҳрорро дид.

Писарам, — овоз баланд кард пирамард.

Лаббай, — гуфт Аҳрор.

Ин ҷо биё, — бо даст ишора кард. Аҳрор меомад, ки:

Бачаҳоятро гирифта биё, — гуфт пирамард ва онҳоро ба хона даровард…
…”Меҳр ҳавр (буғ)-и рӯи оинаро мемонад, ки бо андак сардӣ нопадид мешавад ва дар оина асаре намегузорад. Бадӣ бошад чун занги оҳан аст, ки ҳар қадар тоза кунӣ, намеравад ва бо гузаш­ти вақт оҳанро мепӯсонад. Аз ин рӯ, ҳаври дили инсонҳо бош, на занги қалбашон” суханони Назарбоборо ба хотир меовард Аҳрор. Ба донишмандиву оқилии ин пирамарди хирадманд ва ба қавли худи ӯ “нохонда” аҳсант мегуфт…
…Назарбобо пас аз вафоти завҷааш танҳо зиндагӣ мекард. Се писараш дар хориҷа буданд. Ду нафар духтар дошт, ки аз рӯзгори падар мунтазам хабар гирифта, корҳояшро иҷро мекарданд. Аҳрор чанд рӯз дар ҳавлии Назарбобо кор кард ва бо пешниҳоди пирамард дар Самарқанд монд.
Назарбобо самбӯсапазии ӯро шунида, бо ёрии домодаш, ки чанд самбӯсахона дошт, ӯро дар кор монд. Аҳрор аз омади кораш хурсанд буд. Фаҳмид, ки дар ноомади кор ҳам ҳикмате ҳаст. Бо сарсониҳо ба Самарқанд омад ва дар ин шаҳр аз наздаш кори хубу моҳонаи нағз ва аз ҳама муҳим марди покизатинате баромад.
Азбаски Аҳрор самбӯсапазиро нағз медонист, фаъолияти самбӯсахонаро зуд ба роҳ монд. Савдои самбӯса нағз буд. Дар паҳлӯи онҳо боз як самбӯсахона фаъолият дошт. Аз рӯзи аввал хайрхоҳ набудани ҳамсояҳо аён гардид: коргари ҷавони самбӯсахона партовҳоро дар назди самбӯсахонае, ки Аҳрор кор мекард, партофт. Аҳрор ба ин ҳолат чизе нагуфт ва фаҳмид, ки самбӯсапазони пешина чаро дар ҳафтае кори тайёрро гузошта мерафтаанд. Аз байн чанд рӯз гузашту коргарони самбӯсахонаи ҳамсоя муқобилияти ошкораро сар карданд.

Ука, хоҳӣ, ки сарат амону танат соқ бошад, тезтар аз кор рав, — рӯзе таҳдид кард сарвари самбӯсахонаи ҳамсоя.

Чиба?

Ту ба кори мо халал мерасонӣ…

Корвон бисёр, ризқаш…

Ман аз синни насиҳатгӯшкунӣ гузаштаам, — сухани ӯро бурид ҷавонмард. — Насиҳататро ба дигарон кун. Карочӣ, аз пагоҳ корба намебароӣ. Агар ба кор оӣ, аз худат хафа шав. Ту сойкелдиро ба ҷойи омадагет мефиристонем, — гуфту рафт.
Аҳрор ба сухани ӯ парво накарда, корро давом дод. Рӯз то рӯз сафи харидорон зиёд мешуданд. Дар аввал рӯзе ду танӯр самбӯса мепухт. Пас аз моҳе чунон шуд, ки чор-панҷ танӯр самбӯса камӣ мекард.
Рӯзе Аҳрор то бевақт кор кард ва барои саҳар маҳсулотҳоро тайёр намуда, чун ҳаррӯза пиёда роҳи хонаро пеш гирифт. Бо роҳи калон ба Галаосиё мерафт, ки аз қафояш чор нафар пайдо шуданд. Аҳрор онҳоро роҳгузар пиндошта, бепарво рафтан гирифт ва ногоҳ аз қафои сараш зарбаи сахте расид. Ӯ мувозинатро гум карда, ба замин афтод…
…Мошин аз роҳи калон ба кӯчае, ки даруни қиш­лоқ мерафт, баргашт. Вақте ки аз пеши чойхонаи деҳа мегузаштанд, чашми Аҳрор ба марде афтод: бо либосҳои даридаву хоколуд дар канори роҳ мехобид. Ӯ ҳамтабақи пешинаи худро шинохт…
…Аҳрор муддате дар шифохона хоб рафт. Рӯзе Назарбобо ба аёдати ӯ омада, ҳини рафтан гуфт:

Тамошои кӯҳҳои барфпӯш аз дур роҳатбахшу зебост. Вақте ки ба он ҷо меравӣ, аз ғояти сардӣ он зебогиҳоро назарат намегирад. Ҳаёти шаҳр ҳам аз дур тинҷу осуда ва фаровон ба назар мерасад. Вақте ки ба шаҳр омадӣ, мефаҳмӣ, ки мушкилиҳои зиёд дорад. Зиндагонӣ дар шаҳр ба шиноварӣ дар баҳри пурталотум шабоҳат дорад, ки на ҳар кас қувваи дар он шино кардану пеш рафтанро дорост. Фаромӯш накун: дар шаҳр бояд чолок, кордон ва корчаллон буд. Набошад, дар баҳри пурошӯби он ғарқ мешавӣ.
Аҳрор аз беморхона баромада, бо қувваи нав ба кор сар кард. Акнун кори ӯ дучанд зиёд шуда буд: бо кӯмаки Назарбобо самбӯсахонаи ҳамсояро ҳам харид. Кораш пешрав шуда, дар як сол хона гирифт. Хостанд кӯчанд, аммо Назарбобо роҳ надод.
Дар ин байн боз писарчадор шуда, Аброр ном гузоштанд. Аҳрор фаъолияти самбӯсахонаро васеъ карда, корро пурра ба ӯҳда гирифт ва шогирдонро зиёд кард. Дар паҳлӯи самбӯсахона фирмаи хусусии қаннодӣ кушод.
Рӯзе пирамард ӯро назди худ даъват карда гуфт:

Писарам, байни ту ва падару модарат чӣ воқеа шудааст, бехабарам. Аммо фаромӯш накун, ки гоҳ-гоҳ калонон ҳам хато мекунанд. Инсон бояд бахшанда бошад. Падару модар дарди фарзандонашонро чун дарди худ қабул мекунанд. Аз ин рӯ, эҳтироми волидонатро ба ҷо гузор. Ман мехоҳам, ки пеши падару модарат равӣ. Онҳо дастовардҳоятро дида, бо ту ифтихор кунанд…
…Кӯчаҳое, ки бачагии Аҳрор гузаштааст, тағ­йир наёфта буданд. Ҳамон кӯчаҳое, ки ӯ афтодаву ба пой хестааст, бо дӯстон бозӣ кардааст. Ҳамон деҳае ки ҷонпайванди ӯст.
То рафт манзил наздик мешуду садои таппиши дили Аҳрор баландтар. Ӯ аз тарси он ки таппиши дилашро ҳамсараш нафаҳмад, овози магнитафонро баланд кард. Сарояндае бо овози дилкаш замзама менамуд:
…Дар ҳама кор, эй писар, аз падарат дуо гир,
Давлати шому саҳар аз падарат дуо гир.
Ҳодисаи зиндагӣ шаҳр ба шаҳрат барад,
То нашавӣ дарбадар аз падарат дуо гир…
“Ман ҳам барои гирифтани дуои падару модарам меоям. Бо дуояшон дар бероҳаҳои умр роҳи худамро ёфтам ва Худо хоҳад, қуллаҳои баландро забт мекунам.
Ба волидони азизам мегӯям, ки Самарқанд маро чун фарзанд дар канор гирифт, модарона навозиш кард, падарона ғамхорӣ намуд. Мардуми ширинсухану меҳмоннавозаш маро ҳамеша ёвару дастгир буданд. Таъриф мекунам, ки хоки ин шаҳри қадимӣ муқаддас, обаш ширин, нонаш лазизтарин неъмати дунёст ва Самарқанд худ сайқали рӯйи замин аст. Шаҳри орзуҳои дил аст, ки ҳар як одам орзуи тамошои онро мекунад. Ҳа, шаҳри орзуҳост. Шаҳре, ки маро ба орзуҳоям расонд”, аз дил гузаронд Аҳрор ва дар назди ҳавлии падарӣ мошинро нигоҳ дошт…

Фаридуни ФАРҲОДЗОД.