Истиқболҳои боз ҳам ривоҷдиҳии тадбиркорӣ бо иштироки сенаторҳо муҳокима гардид

Истиқболҳои боз ҳам ривоҷдиҳии тадбиркорӣ бо иштироки сенаторҳо муҳокима гардид

Рӯзи 7-уми сентябри соли равон сессияи навбатии 65-уми Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд баргузор гардид. Ҷамъомад, ки ба он раиси Шӯро, ҳокими вилоят Э. Турдимов сарварӣ кард, ба шакли видеоконференс гузаронида шуд.
Дар сессия аъзои Сенати Маҷлиси Олии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, депутатҳои шӯроҳои маҳаллӣ, вакилони ҳокимияти давлатӣ ва идоравӣ, ташкилоти нодавлативу нотиҷоратӣ, субъектҳои тадбиркорӣ ва воситаҳои ахбори оммавӣ иштирок карданд.
Дар маҷлис натиҷаи омӯзиши гурӯҳи кории парламент ҳолати корҳое, ки оиди инкишофи тадбиркорӣ дар вилоят амалӣ карда мешаванд, масъалаҳои пурдолузарби боз ҳам ривоҷдиҳии бизнеси хурд ва тадбиркории хусусӣ муҳокима гардид.
Раиси Сенати Маҷлиси Олии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Т. Норбоева таъкид кард, ки Президенти мамлакатамон ба ривоҷдиҳии тадбиркорӣ эътибори алоҳида ва барои субъектҳои соҳа имконияту имтиёзҳои васеъ медиҳад.
Дар се соли охир базаи меъёрӣ-­ҳуқуқии ривоҷдиҳии тадбиркорӣ мус­таҳкам гардида, роҳбари давлатамон бо мақсади ҳарҷониба дастгирӣ кардани вакилони ин соҳа беш аз 50-то фармон ва қарор қабул кард, – гуфт Т. Норбоева. – Бисёр омилҳое, ки садди инкишофи соҳа мешуданд, бартараф гардиданд.
Ба беасос дахолат кардан ва санҷидани фаъолияти тадбиркорӣ барҳам доданд. Қабулхонаҳои Сарвазир ва Хазинаи давлатии дастгирии инкишофи фаъолияти тадбиркорӣ ташкил карда шуданд, ки дар ҳудудҳо ба ҳалли муроҷиатҳои тадбиркорон ёрӣ мерасонанд. Бар асоси барномаҳои «Ҳар як оила – тадбиркор», «Ҷавонон – ояндаи мо» ба аҳолӣ додани кредитҳои имтиёзнок ба роҳ монда шуданд. Ба туфайли чунин саъю ҳаракатҳо соли равон дар мамлакат шумораи субъектҳои тадбиркорӣ 60-то афзуда, ба беш аз 325-то расид. Баробари ҳамин, ҳоло дар соҳа масъала ва муаммоҳое, ки ба фаъолияти самараноки тадбиркорон халал мерасонанд, ҳастанд. Бинобар ин, Сенати Маҷлиси Олӣ дар ҷойҳо корҳои ин самтро меомӯзад ва натиҷааш дар шӯроҳои маҳаллӣ муҳокима карда мешаванд.
Сипас, роҳбари гурӯҳи корӣ доир ба омӯхтани масъалаҳои пурдолузарби боз ҳам ривоҷдиҳии бизнеси хурд ва тадбиркории хусусӣ дар вилояти Самарқанд, раиси кумитаи Сенат доир ба масъалаҳои фан, таълим, маданият ва спорт З. Низомхӯҷаев оиди натиҷаҳои омӯзиш ахбор дод.
Дар маърӯза таъкид гардид, ки ҳоло дар вилоят 50 ҳазору 800-то субъектҳои бизнеси хурд ва тадбиркории хусусӣ фаъолият мебаранд. Дар солҳои 2019-2020 дар вилоят камаш ду баробар зиёд кардани шумораи субъектҳои тадбиркорӣ муайян гардидааст.
Аз ҷумла, то охири соли равон ташкил кардани 10 ҳазору 100-то субъектҳои тадбиркорӣ ба нақша гирифта шуда, дар даври гузаштаи сол 5955-то субъектҳои нави тадбиркорӣ фаъолият оғоз намудаанд.
Имрӯзҳо қисми асосии аҳолӣ, ки бо кор банд аст, яъне 85 ҳазору 240 нафари онҳо айнан дар субъектҳои бизнеси хурд меҳнат мекунанд.
Дар шаш моҳи соли равон дар субъектҳои бизнеси хурд 9 ҳазору 851-то ҷойи нави корӣ ташкил карда шуданд.
То 1-уми августи соли равон бонкҳои тиҷоратӣ дар самтҳои гуногун 4 триллиону 103 миллиард сӯмина, аз ҷумла, ба субъектҳои бизнеси хурд 2 триллиону 903 миллиард сӯмина кредит доданд.
Дар вилоят, дар доираи барномаи ҳудудии инвеститсионӣ ҳамагӣ амалӣ кардани 982-то лоиҳаи 14,4 триллион сӯмина муайян гардида, ҳоло аз рӯйи 812-то лоиҳа 4,7 триллион сӯмина маблағи бонкҳои тиҷоратӣ ва ташаббускорони лоиҳаҳо азхуд карда шуданд. Имрӯз 487-то лоиҳа амалӣ гардида, қариб 8 ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил гардидааст.
Дар солҳои 2019-2021 дар соҳаи саноати вилоят амалӣ кардани 207-то лоиҳаи 10 триллиону 754 миллиард сӯмина ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, дар минтақаи озоди иқтисодии Ургут 21-то лоиҳаи 1 триллиону 349 миллиард сӯмина, дар минтақаҳои хурди саноатии вилоят 21-то лоиҳаи 277,2 миллиард сӯминаро ҷойгир кардан пешбинӣ шудааст.
Бо мақсади ривоҷдиҳии тадбиркорӣ, боз ҳам хубтар намудани муҳити соҳибкорӣ дар доираи барномаҳои дахлдор ба шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ ҳамагӣ 411,2 миллиард сӯмина кредитҳои имтиёзнок доданд.
Баланд бардоштани салоҳияти содирот (экспорт)-ии вилоят аз бисёр ҷиҳат ба фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва хурди саноатӣ низ вобаста аст. Ҳоло дар минтақаи озоди иқтисодии «Ургут»-и вилоят 58 сармоягузор (инвестор) барои амалӣ кардани 650 лоиҳаи арзиши умумиаш 226 миллион доллари ИМА кор мебаранд.
Муайян гардидааст, ки агар лоиҳаҳои мазкур пурра ба кор дароянд, 4423-то ҷойҳои нави кор ташкил шуда, ба миқдори 347,6 миллион доллар маҳсулот истеҳсол ва 44 миллион доллар маҳсулот содирот карда мешавад.
Дар айни ҳол, дар 14 ҳудуди вилоят дар майдони масоҳати умумиаш 115,8 гектар замин 19-то минтакаҳои хурди саноатӣ ташкил шудаанд. Дар онҳо 98-то лоиҳаи миқдори сармоягузориашон 67,1 миллион доллари ИМА амалӣ карда мешаванд. То ҳол 32-то лоиҳа ба кор даромада, 742-то ҷойи нави корӣ фароҳам оварда шудааст.
Дар сессия алоҳида таъкид гардид, ки садорат ва шӯъбаҳои дар ҳудудҳо будаи вазорат ва сохторҳои ба самти тадбиркорӣ масъул барои ба дараҷаи ҷумҳурият пеш бурдани манфиатҳои ҳудудҳо эътибори кифоя намекунанд. Зери танқид гирифта шуд, ки онҳо дар аксарияти ҳол бо масъ­алаҳои рӯзмарра, аз ҷумла бо пур кардани ҳисобот ва ҷадвалҳо овора буда, доир ба бартараф кардани муаммоҳои мазкур таклифҳои амалӣ ва ташаббусҳо нишон намедиҳанд.
Инчунин, зарурияти дар ин самт фаъол будан, дар фаъолияти худ ба дастгирии тадбиркорӣ эътибори алоҳида додан, ба сохторҳои дахлдор дар асоси муаммоҳои тадбиркорон бо пурсишҳои қатъии депутатӣ муроҷиат кардан, яке аз аввалинҳо шуда нисбати муаммоҳои гуногун, ки ба ривоҷёбии бизнеси хурд монеа мешаванд ва ҳолатҳои муайяншудаи қонунвайронкунӣ баён кардани муносибати депутатҳои шӯроҳои маҳаллӣ таъкид гардид.
Дар сессия барои бартараф кардани норасоиҳо, муайян намудани чораҳои амиқе, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва ташкилотҳои вилоятӣ амалӣ карда мешаванд, инчунин ба роҳ мондани назорати қатъӣ оиди иҷрои саривақтии онҳо қайд гардид.
Хусусан, зарурияти сохторҳои масъулро ҷалб карда, тартиб додани рӯихати саҳеҳи субъектҳои тадбиркорие, ки фаълият намебаранд, дидани чораҳои дар оянда аз нав ба роҳ мондани фаъолияти онҳо, ё ки ба тартиби дар қонунмандӣ муайян гардида, барҳам додани онҳо гӯшрас карда шуданд.
Дар рафти маҷлис тадбиркорон ба мутасаддиён дар бораи масъалаҳое, ки онҳоро ба андеша овардаанд, муроҷиат карда, посух гирифтанд.
Дар сессия аз рӯйи масъалаҳои муҳокима гардида қарори Шӯрои намояндагони халқи вилоят қабул карда шуд.