То рӯзи қабул 19-то муроҷиат ҳал карда шуд

То рӯзи қабул 19-то муроҷиат ҳал карда шуд

Рӯзи 9-уми сентябр дар Садорати ҳудудии Палатаи савдову саноати вилоят вохӯрии навбатии ҳокими вилоят Э. Турдимов бо тадбиркорон баргузор гардид.
Барои иштирок дар вохӯрӣ 23 нафар тадбиркор бо масъалаҳои иҷозат барои сохтмон, гирифтани кредит, ҷудо кардани замин, сохтани анбори яхдондор, сохтмони ноқонунӣ, масъалаи замини ҷанҷолӣ муроҷиат карда, то рӯзи қабул аз тарафи мутасаддиён муроҷиати 19 нафар тадбиркор ҳалли худро ёфт.
Муроҷиати 4 нафар тадбиркор дар рафти қабул муҳокима гардида, аз рӯйи иҷрои масъалаҳо ба мутасаддиён як ҳафта муддат дода шуд ва назорати иҷрои онҳо ба зиммаи ҳокимият ва Садорати ҳудудии Палатаи савдову саноати вилоят вогузор гардид.
Ҳангоми таҳлили муроҷиатҳо аён гардид, ки аксари онҳо бо қарорҳои ҳокимият, муаммоҳои ҷудо кардани замин ва корҳои сохтмонӣ вобастаанд. Ҳокими вилоят ҳар як муроҷиатро шунида, таъкид кард, ки аз беэътибории ҳокимиятҳои маҳаллӣ аксарияти муаммоҳои ҳаллаш имконпазир низ сари вақт ҳал карда намешаванд. Дар натиҷа, соҳибкорон овора мегарданд. Бинобар ин, ба масъулон супориш дод, ки вазифаи худро сидқидилона иҷро кунанд ва ба мазмуни муроҷиатҳо дақиқтар назар намоянд.


Мухбири рӯзнома.