Истиқболи  бошукӯҳи сайли анҷир

Истиқболи бошукӯҳи сайли анҷир

Дар маҳаллаи Боғибаланди шаҳри Самарқанд сайли анҷир гузаронида шуд.
Дар сайл, ки бори дуввум ташкил гардид, намояндагони ҳокимияти вилоят ва шаҳр, мутахассисони Садорати хоҷагии қишлоқ, соҳибкор ва деҳқонон иштирок карданд.
Дар 9 гӯшаи анҷирзор чайлаҳо барпо гардида, барои аз меваи биҳиштӣ тановул кардани иштирокдорон шароитҳо муҳайё карда шуд.
Инчунин, намоишгоҳи анҷир ва маҳсулоти аз он омодашуда барпо гардид.
– Дар мамлакат ба масъалаи рушди сайёҳӣ эътибори алоҳида дода мешавад, – гуфт ҷонишини ҳокими шаҳри Самарқанд, раиси кумитаи занону духтарон З. Раҳмонова. – Дар боғи таърихии маҳаллаи Боғибаланд ташкил гардидани сайли анҷир барои афзудани адади сайёҳоне, ки ба шаҳри Самарқанд меоянд, хизмат мекунад. Сайри чунин боғи таърихӣ, ки дарахтони анҷири 200-300-сола парвариш меёбанд ва тановули ин меваи хуштаъму ширин, албатта ба ҳар як сайёҳ завқ мебахшад.
Санъаткорони вилоят бо таронаҳои дилкаш тадбирро шукӯҳи дигар бахшида, табъи иштирокдоронро болида сохтанд.
Дар сайли анҷир ҳокими вилоят Э. Турдимов иштирок кард.