Асоси шарикии давлат – хусусӣ муттаҳид кардани ресурсҳо аст

Асоси шарикии давлат – хусусӣ муттаҳид кардани ресурсҳо аст

Маълум аст, ки 10-уми майи соли равон дар ҷумҳуриятамон бо мақсади ба тартиб овардани муносибатҳо дар шарикии давлатӣ-­хусусӣ, қонун «Дар бораи шарикии давлатӣ-­хусусӣ» қабул гардида буд. Дар қонуни мазкур гуфта шудааст, ки шарикии давлатӣ – хусусӣ ҳамкории давлат ва шарики хусусӣ буда, ба муддати муайян аз ҷиҳати ҳуқуқӣ расмӣ гардонида, барои амалӣ кардани лоиҳаҳои шарикии давлатӣ-­хусусӣ бо муттаҳид намудани ресурсҳои худ асос меёбад.
Оё дар муддати чор моҳи баъди қабули қонун, давлат ва тадбиркорон аз он самаранок истифода бурда, лоиҳаҳои худро дар шарикӣ амалӣ намуданд? Агар рӯирост гӯем, аз оҳанги саволҳои дар семинар-­тренинги бо ташаббуси Агентии ривоҷдиҳии шарикии давлатӣ – хусусии назди Вазорати молия гузарондаи тадбиркорон равшан буд, ки дар ин кор хеле душворӣ кашидаанд. Бинобар ҳамин, барои ислоҳи кор дар ин самт агентии мазкур ташкил гардидааст, ки яке аз аввалин семинар-­тренингҳои худро рӯзи шанбеи гузашта дар ҳокимияти вилояти Самарқанд гузаронд.
Дар он мумайиз (эксперт)-и Бонки тараққиёти Осиё доир ба шарикии давлатӣ – хусусӣ Эрк Озбелги ва мутахассиси Агентии ривоҷдиҳии шарикии давлатӣ – хусусӣ Баркамолҷон Содиқов дар бораи таҷрибаҳои байналхалқӣ ва маҳаллӣ дар ин самт, мазмуну моҳияти қонуни мазкур, истифодаи самаранок аз имкониятҳои қонун, ба давлат ва тадбиркорон то чи андоза фоида овардани он маълумот доданд.
– Давлат аз рӯйи шартнома ба шарики хусусӣ барои амалӣ намудани лоиҳаи он кафолат ва ёрии моддӣ медиҳад. Шарики хусусӣ аз имкониятҳои пешниҳодкардаи давлат истифода бурда, бо фаъолияте, ки ба ҷамъият ва иқтисодиёт нафъ меорад, машғул мешавад ва фоида мегирад, – гуфт Б. Содиқов.
Дар семинар ба ҳозирон дар бораи чунин имкониятҳо, инчунин соҳаҳое чун тиббиёт, таълими томактабӣ, маданият, хизмати нақлиётӣ, хизмати коммуналӣ, истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ, ки шарикии давлатӣ – хусусиро ба роҳ мондан мумкин аст, маълумот доданд.
– Мо пештар дар асоси шарикии давлатӣ – хусусӣ дар маҳаллаамон муассисаи таълими томактабӣ ташкил карда будем, гуфт тадбиркор аз ноҳияи Пастдарғам Рисолат Мамараҳимова. – Ҳоло дар ҳамин асос муассисаи маданиро барпо карданиам.
Дар семинар тадбиркорон, инчунин доир ба коғазбозиҳо дар гирифтани кредит, чи хел ташкил кардани муассисаҳо дар асоси шартномаи шарикии давлатӣ– хусусӣ, муддати бастани шартнома, чораҳое, ки ҳангоми иҷро нашудани шартномаи мазкур дида мешаванд ва роҳҳои ҳалли душвориҳои ҳамкорӣ саволҳо дода, посух гирифтанд.
Дар тадбир ҷонишини ҳокими вилоят О. Хӯҷаев иштирок кард.

Тошқул АЗИМОВ.