388 коллеҷи касбиву ҳунарӣ  ба сифати мактаб истифода мегардад

388 коллеҷи касбиву ҳунарӣ ба сифати мактаб истифода мегардад

Бо мақсади такмилдиҳии сохтори таълими профессионалӣ дар асоси таҷрибаҳои пешқадами хориҷӣ, тавассути ҷорӣ намудани зинаҳои таълими профессионалии ибтидоӣ, миёна ва миёнаи махсус, омодасозии кадрҳои ботаҷриба ва рақобатпазир барои бозори меҳнат ва ҷалби васеи кордиҳандагон ба ин ҷараён Фармони Президент (ФП‑5812, 06.09.2019) «Дар бораи чораву тадбирҳои иловагӣ доир ба боз ҳам такмилдиҳии сохтори таълими профессионалӣ» қабул гардид.
Мувофиқи он, аз соли хониши 2020-2021 сар карда, дар Ӯзбекистон ба дараҷаҳои таснифи Стандарти байналхалқии таълим сохтори таълими профессионалии нави ибтидоӣ, миёна ва миёнаи махсус, инчунин муассисаҳои таълимии ҷорикунандаи дастурҳои таълими табақакунонидашуда ташкил гардида, дар асоси дастурҳои мазкур рӯйхатҳои муассисаҳои таълимии тайёркунандаи кадрҳои дахлдор тасдиқ карда шуд.
Дар асоси рӯйихати дахлдор биноҳои 388-то коллеҷи касбиву ҳунарӣ ба сифати мактаб истифода мегардад.
Дар сохтори таълими профессионалии нави ибтидоӣ, миёна ва миёнаи махсус шабакаи муассисаҳои таълими профессионалии иборат аз мактабҳои касбу ҳунар, коллеҷҳо ва техникумҳо, ки дастурҳои таълимии дахлдор ҷорӣ гардидаанд, ташкил карда мешавад.
Дар он:
а) дар мактабҳои касбу ҳунар:
◆ ба хатмкунандагони синфи 9-и мактабҳо таълими дусолаи рӯзона дода мешавад;
◆ хонандагони таълимгиранда аз ҳисоби Бюҷети давлат ба миқдори як баробари ҳисобнамоии базавӣ бо стипендияи моҳона, инчунин хӯроки севақта таъмин карда мешаванд.
б) дар коллеҷҳо:
◆ ба шахсоне, ки камаш соҳиби маълумоти миёнаи умумӣ бошанд дар ҳоле, ки аз мураккабии касбҳо ва мутахассисиҳо бармеояд, ба муддати ду сол дар шаклҳои таълими рӯзона, шабона ва ғоибона дар асоси фармоиши давлат, инчунин пардохти шартнома таълим дода мешавад.
в) дар техникумҳо:
◆ ба шахсони соҳиби маълумоти миёнаи умумӣ дар ҳоле, ки аз мураккабии касбҳо ва мутахассисиҳо бармеояд, ба муддати на кам аз ду сол дар шаклҳои таълими рӯзона, шабона ва ғоибона дар асоси фармоиши давлат, инчунин пардохти шартнома таълим дода мешавад;
◆ хатмкунандагоне, ки техникумро тамом кардаанд, аз рӯйи равияҳои таълими бакалавриати ба соҳаи худаш хос бе имтиҳонҳои дохилшавӣ ба воситаи сӯҳбати тартиби якка соҳиби ҳуқуқи аз курси дуввум давом додани хониш дар муассисаҳои таълими олӣ мегарданд.

Таҳияи Ф.МУҲАММАДҶОН.