Мақсади асосӣ – сари вақт ва хушсифат ғундошта гирифтани ҳосил

Мақсади асосӣ – сари вақт ва хушсифат ғундошта гирифтани ҳосил

Дар хоҷагиҳои фермерии пахтакори вилоят аз 25 то 50 фоизи кӯракҳо шукуфтанд. Мувофиқи нақша дефолиатсияи пахтазор сар шуд. Ин тадбири агротехникӣ барои резондани барги ниҳолҳо ва зудтар шукуфтани пахта ёрӣ мерасонад. Дар натиҷа, чидани ҳосил осон ва сифати маҳсулот баландтар мегардад.
Дефолиантҳоро ҷамъияти саҳҳомии ҳисоби хоҷагии «Агрокимиёҳимоя»-и вилоят якҷоя бо кластерҳои корхонаҳои пахтаву бофандагӣ захира кардаанд. «Агрокимиёҳимоя» 228,74 тонна ва корхонаҳои кластерӣ 42706 тонна дефолиантҳо харидаанд, ки ин аз нақша зиёд аст. Хоҷагиҳои фермерӣ дефолиатсияи пахтазорро дар муддати 10 рӯз ба охир расониданианд.
Дар дефолиятсияи пахтазор 337 техникаи хоҷагии қишлоқ ҷалб карда мешаванд. Бо ҳар агрегат рӯзе то ба 25 гектар майдон дору мепошанд.
Барои сари вақт ва беталаф ғундошта гирифтани пахта чораву тадбирҳои мушаххас андешида шудаанд. Дар таҳияи онҳо ҳафт корхонаи азнавкоркунии пахта низ фаъолона иштирок карданд.
Бо мақсади муташаккилона гузаронидани мавсими ҷамъоварии пахта барои чинакчиён 287519 адад пешдоман, 3848 дона болопӯши мошину присепҳои трактор ва барои пӯшидани хирманҳои пахта 6638 адад брезент тайёр карда шудаанд.
Мувофиқи маълумоти Садорати вилоятии инспексияи назорат кардан аз болои маҷмӯи агросаноати назди Девони вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар мавсим мисли солҳои гузашта, усули отряд – отряд шуда, пахта чидан ҷорӣ карда мешавад. Аъзоёни отряди чинакчиёнро меҳнаткашони хоҷагиҳои фермерӣ, коргарони корхонаҳои кластерӣ, аҳолии номуташаккили маҳаллаҳо ва ғайра ташкил менамоянд. Имсол ташкили 2250 отряди пахтачинӣ ба назар гирифта шудааст. Онҳо асосан дар палаткаҳо, бинои боғчаҳои бекорхобида ва биноҳои муваққатан бекор зиндагонӣ мекунанд. Барои кору фаъолияти отрядҳои пахтачин шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда мешавад. Махсусан, ба ҷойи хӯрокпазӣ, дастурӯйшӯйӣ ва ҳоҷатбарорӣ эътибори асосӣ медиҳанд.
Дар сари вақт ва босифат ҷамъоварии пахта корхонаҳои бофандагӣ манфиатдоранд. Дар сохтори Иттиҳодияи «Ӯзтӯқимачиликсаноат», ҳашт корхонаи пахта–бофандагӣ мавҷуд мебошад. Онҳо дар 31 маскани қабули ашёи хом мониторинги доимиро ҷорӣ менамоянд. Соли ҷорӣ дар корхонаҳои Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Зиёвуддин текстел»-и ноҳияи Пахтачӣ, «Самарқанд Камалак Инвест текстел»-и ноҳияҳои Пастдарғаму Нуробод, «Амин текст»-и ноҳияи Пастдарғам, «Мароқанд сифат»-и ноҳияи Нарпай, «Кореа Самарқанд»-и ноҳияи Оқдарё, «Samarqand cotton cluster»-и ноҳияҳои Пайариқу Ҷомбой, «Мароқанд сифат текстел»-и ноҳияи Иштихон, «Kattakurgon claster»-и ноҳияи Каттақӯрғон маҳсулот қабул мекунанд. Дар онҳо қабули шаффофи ашёи хом ба роҳ монда мешавад.
Хотиррасон мекунем, ки имсол аз 75580 гектар майдони 1958 хоҷагиҳои фермерӣ 205 ҳазор тонна ҷамъоварии пахта ба нақша гирифта шудааст. Вале бо ташаббуси фермерон ҳосилнокии ҳар гектарро баланд бардошта, ин нақшаро ба 255 ҳазор тонна расонданианд.

Б.ҶУМЪАЕВ.