Муҳокимаи лоиҳаи нави қонун

Муҳокимаи лоиҳаи нави қонун

Дар шаҳри Самарқанд дар мавзӯи “Такмил додани асосҳои ҳуқуқии фаъолияти ноширӣ” сӯҳбати мизи мудаввар барпо гашт.
Тадбир бо ташаббуси Агентии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ва кумитаи Палатаи қонунмандии Маҷлиси Олии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон доир масъалаҳои инкишофи инноватсионӣ, сиёсати ахбор ва масъалаҳои технологияҳои ахборӣ ташкил карда шуд. Дар он депутатҳои палатаи поёнии парламент, ходимони соҳаи ноширӣ ва матбаа, мумайизон ва вакилони ВАО иштирок карданд.
6-уми сентябри соли 2019 Палатаи қонунмандии Маҷлиси Олӣ лоиҳаи қонун “Дар бораи фаъолияти ноширӣ”-ро дар хониши якум қабул кард, — гуфт депутати Палатаи қонунмандии Маҷлиси Олӣ Шӯҳрат Шарафуддинов. – Тадбире, ки ба муҳокимаи лоиҳаи қонуни дирӯз қабулшуда бахшида шудааст, бесабаб имрӯз дар Самарқанд гузаронда намешавад. Чунки барои дар таҳрири нав қабул кардани қонун «Дар бораи фаъолияти ноширӣ», ки то ҳол дар амал буд, айнан ношир ва ходимони ВАО самарқандӣ бисёр таклифҳо пешниҳод карданд.
Иштирокчиёни тадбир ба лоиҳаи қонун таклифҳои худро баён намуданд.


Мухбири рӯзнома.