Ободии маҳалла –ободии мамлакат

Ободии маҳалла –ободии мамлакат

Дирӯз дар ҷамъомади шаҳрвандони маҳаллаи Ҳилоли шаҳри Самарқанд воқеъ дар кӯчаи Ал-­Бухорӣ бахшида ба анҷоми таъмири масҷиди гузар тадбир баргузор гардид.
Дар бинои маҳалла, ки дар шафати масҷид аст, аҳли маҳалла, иборат аз фаъолон, мӯйсафедон ва пешвоёни дин ҷамъ омаданд.
Бояд гуфт, ки масҷид бо ташаббуси раиси маҳалла Ӯктам Юсупов ва сарпарастии Рустам Юсуфов, Умед Исмоилов, Толиб Бобокалонов ва дигарон таъмир карда шуд ва тарҳи наву замонавӣ гирифт.
Таъкид гардид, ки Ӯктам Юсупов моҳи майи соли ҷорӣ раиси маҳалла интихоб шуда, пас аз раис интихоб гардидани ӯ дар маҳалла корҳои ободонӣ рӯй ба беҳбудӣ оварданд. Ӯ корро аз таъмири масҷид оғоз намуд.
Бино ба маълумоти сокинони маҳалла масҷид соли 1818 барпо гаштааст. Бинои масҷид солҳои 1960-1993 вазифаи боғчаро иҷро намудааст. Маҳалла то солҳои 1990 Кӯлобод ном дошта, аз соли 1990 то соли 2011 Фатҳобод номгузорӣ гардидааст. Аз соли 2011 то ҳол бо номи Ҳилол қайд мегардад.
Аз оилаҳои намунавии маҳалла Ҳалима Садриева 40 сол омӯзгорӣ кардааст. Ҳакимова Дилором, Сафаров Шукрулло, Абдуҳалимов Абдувалӣ ва дигаронро низ дар ин қатор номбар кардан мумкин аст.
Дар маҳалла ба варзиш низ эътибори калон дода мешавад. Аз варзишгарони ҷавони маҳалла Қиёмова Ҷонона (доир ба гӯштӣ), Киямова Шалола (доир ба намуди каратэ) ва Юсуфов Ислом (тренери мактаби варзишӣ) ро метавон қайд намуд.
Мардуми маҳаллӣ асосан бо ҳунармандиву тиҷорат машғуланд. Ҳоло Рустам Ҳамроев бо оҳангарӣ ва Даврон Умаров бо танӯрсозӣ сару кор доранд.
Тадбиркорони тартиби якка Фарҳод Тангиров, Шукрулло Ашуров ширинӣ ва маҳсулоти қаннодӣ истеҳсол мекунанд. Асолат Давроноваю Хуршеда Муҳиддинова аз нонвой­ҳои шинохтаи маҳалла ба шумор мераванд.
Ғайр аз ин, истиқоматкунандагон бо намудҳои дигари ҳунармандӣ ба монанди дӯзандагӣ, бофандагӣ ва дигарҳо сару кор доранд.
Нозири участка, ходими шӯъбаи корҳои дохилӣ, инспектори профилактикӣ Отаҷон Ҷалилов ва ёрдамчии ӯ, посбони маҳалла Ҷасур Абдураҳмонов барои таъмини тинҷиву осоиштагии мардум хизмат мекунанд.
– Аз он вақте ки Ӯктам Юсуфов раис интихоб шуданд, нахуст ба ободии маҳалла эътибор доданд, – гуфт мутахассиси кор бо зан-­духтарон ва дар оилаҳо мустаҳкамсозии қадриятҳои маънавию ахлоқӣ Собира Исмоиловна. – Мардум ба сарварӣ худ боварӣ намуда, дар якҷоягӣ бо роҳи ҳашар масҷидро, ки хароб гардида буд, таъмир карданд.

Ҳошимҷон ҚУЧҚОРОВ.