Фаъолияти кинотеатрҳои вилоят дар чӣ сатҳ аст?

Фаъолияти кинотеатрҳои вилоят дар чӣ сатҳ аст?

Пас аз истиқлолияти Ӯзбекистон сохтори
интишор ва намоиши филмҳо тағйир ёфт. Дар ин роҳ як қатор муаммоҳо ба вуҷуд омадаанд. Онҳо кадомҳоянд? Ба тамошобинон барои тамошои филмҳо чӣ гуна шароит муҳайё карда шудааст ва дурнамои он чӣ гуна хоҳад буд?
Мусоҳибаи рӯзноманигор Ӯктам ИБРОҲИМ бо роҳбари филиали самарқандии Маркази корхонаи унитарии интишори филмҳо(кинопрокат) Фармон Розиқов дар ҳамин хусус ороста шуд.
– Тӯли солҳои истиқлол дар кори кинематографистон тағйироти мухталиф пайдо гардиданд. Масалан, дар сохтори намоишдиҳии филмҳо се маротиба номҳо ва вазифаҳои он дигар карда шуд. Аз ҷумла, Иттиҳодияи кино ва видео буд. Кинотеатрҳо хусусӣ гардида, ба ҷамъиятҳои масъулияташ маҳдуд табдил ёфтанд. Сароғоз аз соли 2004 шӯъбаҳои ҳудудии вилоятии Оҷонсии Ӯзбекистон ташкил карда шуданд. Кори «Ӯзбеккино» аз ҳисоби буҷаи давлат сурат мегирифт, – гуфт дар сароғози сӯҳбат Ф. Розиқов.
– Аз соли 2018,  дар кори мо тағйироти куллӣ ба амал омад. Имрӯз дар вилоят 11 кинотеатр мавҷуд буда, аз онҳо 3 тоаш кинотеатри давлатӣ, 8 тоаш хусусӣ мебошанд.
– Дар мамлакат ду маротиба Қарорҳои Президент ва дар заминаи он Қарори Девони Вазирон барои рушду нумӯи синамо интишор ёфтанд. Оё онҳо таконе дар пешрафти корҳои Шумо гардиданд?
– Албатта. Яке аз корҳои назаррас пешгирӣ намудани филмҳои суст, урён ва шаҳвонӣ ва ғайраи кинонаворҳои ба менталитети мо номувофиқ набуда. Дар назди Оҷонсии «Ӯзбеккино» Шӯрои бадеӣ созмон дода шуд. Ҳайати он аз санъаткорони шинохта, адибон, актёрон, олимони санъатшинос ва ғайра таркиб ёфтааст. Филмҳо новобаста аз жанру мавзӯот дар Шӯрои бадеӣ муҳокима карда мешаванд ва пас аз рухсати он намоиши оммавии филмҳо сурат мегирад.
– Як-­ду сухан дар хусуси барномаи (репертуар) филмҳо ва шароите ки барои тамошогарон муҳайё карда мешавад, мегуфтед…
– Мебояд гуфт, ки дар супермаркетҳо, гипермаркетҳо толорҳои хурди кино сохта мешаванд. Дар он шароити хуб ва созгор барои тамошогарон муҳайё мешаванд. Тамошогарон баробари тамошои кино, қаҳва менӯшанд ва ғайра. Чунин толорҳо барои 80-100 нафар пешбинӣ шудааст.
Дар шаҳру ноҳияҳои Самарқанд, Каттақӯрғон, Ҷомбой, Ургут, Нуробод ва дигар ҷойҳо фаъолияти кинотеатрҳо боздошта шуд.
Дар асоси қарорҳои Президент ва Девони Вазирони Ӯзбекистон сохтмони се кинотеатрҳои замонавӣ оғоз ёфтааст. Инчунин, дар Самарқанд сохтмони кинотеатри дуошёна, кинотеатри тобис­тона дар Қаттақӯрғон сар шудааст. Дар худи мамлакат 50-то кинотеатрҳо бо ҷалб кардани маблағҳои тадбиркорҳо мебояд, ки бунёд ёбанд. Аз ҷумла, дар Ургут кинотеатри нав ба истифода супурда шуд.
– Дар гузашта кинотеатрҳои бачагон буданд. Барои кӯдакон чӣ гуна кинотеатрҳо сохта мешаванд?
– Дар шаҳри Самарқанд корхонаи унитарии давлатӣ «Шарқ юлдузи» фаъолият дорад. Дар ин ҷо шароит барои тамошои кино барои кӯдакон муҳайё карда шудааст. Агар кор бо тадбиркорҳо бошад, дар ин хусус бо кинотеатр шартнома ба имзо мерасад.
Ҳоло дар репертуари мо филмҳои «Элпарвар» («Халқпарвар»), «Муҳаммад Термизий», «Тинчлик ортида» («Дар паси замони осоишта»), «Ҳаёт» ва дигар филмҳо ҷой гирифтаанд ва дар кинотеатрҳо намоиш дода мешаванд.
Ба филмофарон озодии эҷодӣ дода шудааст. Онҳо дар жанрҳо ва мавзӯоти мухталиф филм наворбардорӣ мекунанд.
Боз як нуктаро таъкид карданиям: робитаҳо бо киноофарони мамлакатҳои хориҷӣ мустаҳкам карда мешаванд. Дар Ӯзбекистон киноҷашнвораи «Пролог»-и филмҳои кӯтоҳметраж сурат мегирифт. Аз соли 2018 ба ин киноҷашнвора филмҳои пурраметраж низ ҳамроҳ карда шуданд. Киноҷашнвораи «Пролог» мақоми байнахалқиро соҳиб шуд.