Сумбуламазор

Сумбуламазор

Ҳар шаҳру ноҳияҳои Ӯзбекистон мадрасаву мақбара, мазороту қадамҷо ва зиёратгоҳҳо дорад. Дар ноҳияи Деҳнави вилояти Сурхондарё низ чунин қадамҷову зиёратгоҳҳои зиёде мавҷуданд, ки аз тамоми гӯшаву канори республика ба тамошои онҳо мераванд.
Сумбуламазор дар деҳаи Сина ҷойгир аст. Мувофиқи ривоятҳо дар сойи он харсанги калони сафеде мавҷуд аст. Дар рӯйи он изҳои ба инсон монанд вуҷуд дорад. Дар байни халқ ривояте ҳаст, ки дар болои он Ҳазрати Алӣ намоз хондааст.
Сумбуламазор дар атрофи сой ҷойгир аст. Дар саргаҳи он пештар қабри шахси номаълуме низ мавҷуд будааст. Оби барфу борон тарафи шимолии қисми поинии сойро ончунон кома кардааст, ки ба назар мисли ними деги чаппакардашуда мерасад. Бари он 2-4 ва дарозиаш 12-16 метрро ташкил мекунад. Ин хел комакунии бағали теппаву баландиҳоро дар бисёр ҷойҳо дидан мумкин аст. Вале аҷоиботи Сумбуламазор дар он аст, ки сумбула дар саросари шифт сарбапоён месабзад. Ҳарчанд замини нишеби болои он хушк ва пурсангу хок аст, аз сумбулаҳои ҳамел беист қатраҳои об ба замин метарованд.
– Ҳозир бориши оби сумбулаҳо кам аст, – гуфт ҳангоми сӯҳбат сокини деҳаи Сина Сангин Кароматов. – Дигар вақтҳо ончунон об метаровад, ки гӯё дар зери сели борон бошед. Обаш шифобахш аст. Бо вуҷуди сардии он мо оббозӣ мекунем. Боз хосияти аҷибаш дар он аст, ки одам баъди оббозӣ зуком намешавад ва ё шамол намехӯрад.
Диоскрит ҳам оиди шифобахшии сумбул дар асарҳои худ қайдҳо дорад. Вай навиштааст, ки сумбули беҳтарин он аст, ки баргҳои он бо мӯякҳои зиёд пӯшонида шуда, рангаш зардчатоб бошанд, бо навдачаҳои зиёд бӯйи хуш дорад. Забонро месӯзонад. Мизоҷаш дар дараҷаи якум гарму дар дараҷаи дуввум хушк аст. Сумбул варамҳоро фурӯ нишонда, пеши хирашавии чашмро мегирад ва ба мустаҳкамшавии майнаи сар ёрӣ мерасонад.
Шайхи Сумбуламазор Неъматуллохон Мелибоев (ҳоло мазор тобеи идораи «Вақф») ба қабулу гусели зиёратчиён роҳнамоӣ мекунад.
– Аз соли 1982 падарам дар ин ҷо чорбоғ ташкил карданд. Ҳоло онро ба хоҷагии фермерӣ табдил додаем. Ангур, чормағз, себ ва дигар дарахтонро парвариш менамоем. Оби мазорро бо қубурҳо бурда, чорбоғро обёрӣ менамоем.
Ба ин ҷо омаду рафти зиёратгарон бо душворӣ муяссар мегардад. Роҳ пурхоку чангу ноҳамвор аст. Барои истироҳату дамгирӣ ҳам беҳбудиҳоро тақозо дорад.

Б.ҶУМЪАЕВ.