Даъват ба роҳи рост

Даъват ба роҳи рост

Рисолаи тозанашри инсони боғайрат, доктори фанҳои биологӣ, Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон, академики академияи Тӯрон, профессор Санъат Муҳаммадиев «Ҳаққи нону намак» ном дорад. Онро нашриёти «Noshirlik yog’dusi» ба чоп ҳозир карда, дар матбааи ҶММ «RELIABLE PRINT» чоп шудааст.
Он фаслҳои «Айёми кӯдакӣ, мактабхонӣ ва донишҷӯӣ», «Давраи илмомӯзӣ ва тавоноӣ», «Самараи заҳматҳои пурмашаққат», «Мавзӯъ ва мундариҷаи асарҳо», «Воқеаҳои латиф», «С. Муҳаммадиев аз нигоҳи дӯстону шогирдон» ва фасле, ки дар он адабиётҳо дар бораи С. Муҳаммадиев ва санаҳои муҳими ҳаёти ӯ оварда шудаанд, иборат аст. Вақте ки номи фаслҳоро аз назар мегузаронед, фикр мекунед, ки рисола тарҷумаиҳолӣ аст. Вале он шарҳи ҳоли оддӣ нест. Балки роҳи тӯлонии 80-солаи зиндагӣ, эҷод, ҷустуҷӯ ва дастовардҳои олими шинохта мебошад.
Мақсади устод Санъат Муҳаммадиев аз чопи китоби мазкур ва овардани ин ҳама факту далелҳо, ба фикри мо хушбахтии насли наврас аст, ки эшон ин қадар сол барояшон дарс гуфту китоб навишту ба омӯхтан, бо сабр будан ва доштани дилу нияти пок дар ин роҳ даъват кард. Натиҷаҳои ҳамин заҳматҳо буданд, ки бисёр шогирдонаш ба муваффақиятҳои назаррас расиданд. Аз ҷумла, набераҳояш, ки дар бораи онҳо дар китоб бо мамнуният навиштаанд. Хонандаҳои мӯҳтарам онро хонда худ ба ин гуфтаҳо бовар мекунад.

Тошқул АЗИМЗОДА.