«Табиатро ҳифз намоем!»

«Табиатро ҳифз намоем!»

Зери ҳамин мавзӯъ дар мактаби таълими умумии рақами 62-юми шаҳри Самарқанд тадбир баргузор гардид. Дар доираи тадбир хонандагон дарахтҳои боғи мактабро сафед карда, замини гулҳоро нарм карданд. Инчунин, гулҳои хонагиро обутоб доданд. Ҳангоми иҷрои корҳо муаллимон ба хонандагон оиди аҳамияти ҳифзи табиат, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ҳарф заданд.
Таъкид гардид, ки инсоният дар кадом ҳолате, ки набошад, дар куҷое, ки зиндагӣ кунад, ба табиат ва ҳас­тиҳои он эҳтиёҷ дорад. Бе ҳастиҳои табиат ҳаёт дар ягон давру замон пойдор буда наметавонад, зеро ҳастии ҳар як ҷисми зинда ба об, хок, боду ҳаво, гулу гиёҳ, набототу ҳайвонот ва растаниҳо сахт алоқаманд аст.

— Агар атроф тозаву озода, муаттару дилнишин бошад, табъи кас низ болидаву хотир осуда мегардад, — гуфт омӯзгори мактаб Санобар Зиёдуллоева. — Набототу растаниҳо, ки асоси зебоии табиатро ташкил мекунанд, ҳамеша ба нигоҳубини дурусти инсоният ниёз доранд. Агар мо ҳамчун инсони комил онҳоро хуб парвариш намоем ва аз зебоиҳои он истифода барем, хотирамонро болида мегардонанд. Табиат чун омили бузурги ҳастию ҳаёт дар тамоми давру замон ба дастгирии мо одамон ниёз дорад. Мо низ бе ҳастиҳои он озодона умр ба сар бурда наметавонем. Мақсад аз ин чорабинӣ низ дар дили ҷавонон пурзӯр сохтани эҳсоси муҳаббат ба табиат мебошад.

Амирҷон ҲАМРОҚУЛОВ,
хонандаи синфи 8“А ”-и мактаби таълими умумии рақами 62-и шаҳри Самарқанд
.