Бо собун шустани меваҳо зарур аст?

Бо собун шустани меваҳо зарур аст?

Аксарият медонанд, ки пеш аз таом дастро бояд бо собун шуст. Аз ин маълум мешавад, ки танҳо об дастро тоза намекардааст. Аммо, меваҷоту сабзавот, сабзӣ, помидор, картошка ва ҳатто олучаро бо собун шустан лозим будааст? Дар ин бора мутахассисон фикр баён нанамудаанд. Аммо биёед, худамон мулоҳиза меронем. Бо собун шустани меваю сабзавот зарур аст? Гап дар он, ки агар мева бо собун шуста шавад, майдаҳои он дар қабати мева мемонад ва хӯрдани мева барои саломатӣ чӣ хел таъсир мерасонад? Беҳтараш меваҳоро танҳо бо об шуста, агар лозим бошад, каме содаи хӯрокворӣ изофа намоед. Ин лоақал, меваҳоро аз микроби дастонатон ҳимоя мекунад.
Мутахассисон якчанд роҳи хубтар шустани меваю сабзавотҳоро муайян намудаанд:
Меваю сабзавотро бо оби ҷӯш нашӯед.
Меваю сабзавотро бо оби сард шӯед.
Меваю сабзавотро то вақти хӯрдану истифода намудан нашӯед.
Дар оби кран шустани меваю сабзавот чиркро меронад. Аммо тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки бо содаи хӯрок­ворӣ шустани меваю сабзавот заҳри доруҳои онҳоро ба тозагӣ аз байн мебарад.
Баъд аз шустани хӯрок­ворӣ то панҷ дақиқа онро нахушконед.
Шустани меваю сабзавот якчанд сабаб дорад. Сабаби асосӣ чирки онҳост. Дуюм, вақте ки меваро аз мағоза мехарем, мо намедонем, ки деҳқон он меваро чӣ хел доруҳо задааст ва оё асорати дору аз он рафтааст ё на. Ғайр аз ин, шустани меваҳо аз бемориҳо пешгирӣ мекунад. Мақсади асосии шустани меваю сабзавот кам кардани миқдори бактерияҳои он мебошад. Назар ба маълумотҳо, дар як сол дар дунё зиёда аз 48 миллион одам ба бемории дарди шикам гирифтор мешавад.
Олимон рӯйхати меваю саб­завотеро эълон намудаанд, ки дар худ заҳри доруҳои зидди ҳашаротро зиёдтар нигоҳ медоранд:
Қулфинай
Испаноқ
Карам
Себ
Ангур
Шафтолу
Олуболу
Нок
Помидор
Карафс
Картошка
Ба шустани меваю саб­завоти ин рӯйхат, эътибори алоҳида бояд дод. Хусусан, ангур шустушӯи хосаро талаб менамояд.


Таҳияи ҲАСАН.