Гузоришгари махсуси СММ ба Самарқанд омад

Гузоришгари махсуси СММ ба Самарқанд омад

Ҳайати вакилон бо сарварии гузоришгари махсуси Шӯрои ҳуқуқҳои инсони СММ доир ба масъалаҳои мустақилии судя ва адвокатҳо Диего Гарсия – Саян 23-юми сентябр ба Самарқанд омаданд.
Дар тайёрагоҳи байналхалқии Самарқанд меҳмононро ҳокими вилоят Э. Турдимов пешвоз гирифт.
Ҳайати вакилон аввал дар бинои навбунёди суди ноҳияи Тайлоқ шуда, бо шароит ва имкониятҳое, ки дар ин ҷо фароҳам оварда шудааст, шинос шуданд. Дар бинои мазкур ҳоло судҳои ҷиноӣ, шаҳрвандӣ, маъмурӣ ва иқтисодӣ фаъолият пеш мебаранд.
Диего Гарсия – Саян дар ин ҷо бо раисони судҳои вилоят сӯҳбат кард. Дар рафти мулоқот корҳо оиди ислоҳоте, ки солҳои охир дар сохтори суду ҳуқуқ, таъмини мустақилии судҳо, ҳифзи иҷтимоии судҳо ва кафолати ҳуқуқи онҳо, ки аз ҷониби давлат амалӣ мегарданд маълумот дода шуданд.
Сипас меҳмонон ба қабулхонаи Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд ташриф оварда, ҷараёни корро бо муроҷиатҳои шаҳрвандон мушоҳида карданд.
Шароите, ки барои кормандони қабулхона ва муроҷиаткунандагон фароҳам оварда шудааст, ба вакилони СММ таассуроти калон гузошт.
Асоси мулоқоти ҳайати вакилонро дар садорати ҳудудии Палатаи адвокатҳо дар вилояти Самарқанд корҳое, ки барои пурра такмил додани сохтори адвокатура, сифати ёрии касбии ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани нуфузи касби адвокат дар мамлакатамон амалӣ мешаванд, ташкил кард. Ба меҳмонон оиди ислоҳоте, ки солҳои охир дар ин самт амалӣ шудаанд, ҳикоя карданд.
– Мақсади асосӣ аз ташрифи мо ба Ӯзбекистон шинос шудан бо таъмини устувории қонун, омӯхтани роли институти суд ва адвокатура дар ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, шиносоӣ бо фаъолияти онҳо дар мамлакат аст, – гуфт гузоришгари махсуси Шӯрои ҳуқуқҳои инсони СММ доир ба масъалаҳои мус­тақилии судя ва адвокатҳо Диего Гарсия – Саян. – Аз ҳамин сабаб чанд рӯз боз бо ходимони соҳаҳои мазкур, ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамоатӣ, институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ вомехӯрем.
Вохӯриҳоямон дар Самарқанд ҳам самаранок шуданд. Албатта, дар мамлакататон солҳои охир дар ин самт корҳои васеъмиқёс амалӣ шудаанд ва дар ин бора дар хулосаҳои аввалинамон фикрҳои худро баён мекунем.
Меҳмонон дар давоми ташриф ба Самарқанд аз ёдгориҳои меъморӣ ва дигар ҷойҳои сазовори диққати шаҳрамон низ дидан карданд.
Хусусан, ҳангоми шиносоӣ бо Маркази байналхалқии илмӣ-­тадқиқотии Имом-­Бухорӣ Диего Гарсия – Саян бо фаъолони ташкилотҳои ҷамоатӣ, марказҳои миллӣ-­маданӣ ва конфессияҳои динӣ мулоқот кард.


Мухбири рӯзнома.