Дар мамлакатамон маъракаи интихобот оғоз ёфт

Дар мамлакатамон маъракаи интихобот оғоз ёфт

Комиссияи марказии интихоботи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар мамлакат аз 20-уми сентябри соли 2019 оғоз ёфтани маъракаи интихоботро эълон кард.
Ӯзбекистон дар арафаи ҷараёни муҳими сиёсӣ – интихобот ба Палатаи қонунофарии Маҷлиси Олӣ ва Шӯроҳои маҳаллӣ қарор дорад.
Ҷамъомаде, ки дар маркази байналхалқии матбуоти Комиссияи марказии интихоботӣ баргузор гардид, корҳои ташкилии ба маъракаи интихобот бахшида шуд.
Раиси Комиссияи марказии интихоботӣ М. Абдусаломов таъкид кард, ки интихобот барои дар мамлакат татбиқ гардидани ислоҳоти демократӣ, амалӣ сохтани вазифаҳои барномавии тараққиёти стратегии оянда аҳамияти бузург дорад.
Комиссияи марказии интихоботӣ маълум кард, ки 22-юми декабри соли 2019 рӯзи интихоботи депутатҳои Палатаи қонунофарии Маҷлиси Олии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ва депутатҳои Шӯроҳои маҳаллӣ мебошад.
Дар ҷамъомад ҳамчунин барномаи тадбирҳои асосии интихоботи депутатҳои Палатаи қонунгузории Маҷлиси Олии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ва депутатҳои Шӯроҳои маҳаллӣ тасдиқ гардид.
Дар чорабинӣ махсус таъкид шуд, ки дар Ӯзбекистон, ки ба зинаи нави тараққиёти демократӣ қадам гузоштааст, барои интихоб кардани парлумон ва Шӯроҳои нави маҳаллӣ маъракаи интихобот дар рӯҳи нав мегузарад.
Интихоботи оянда ифодаи равшани дарамали ғояҳои пешқадами демократии панҷ самти муҳими устувори инкишофи мамлакат хоҳад шуд, ки дар Стратегияи ҳаракатҳо таҷассум ёфтаанд. Дар ҳаёти ҷамъияти мо тамоилҳои бисёрҳизбӣ, чандандешии сиёсӣ, гуногунфикрӣ, рӯшодӣ ва ошкорбаёнӣ, кушодадилӣ торафт васеъ ва мустаҳкам мақом пайдо мекунанд.
Соли равон дар парлумони мамлакат ва Шӯроҳои маҳаллӣ интихобот бори аввал дар пояи Кодекси нави интихобот баргузор мегардад. Дар интихобот бори аввал панҷ ҳизби сиёсӣ – Ҳизби демократии «Эҳёи миллӣ», Ҳизби халқиву демократии Ӯзбекистон, Ҷунбиши соҳибкорон ва корчаллонҳо – Ҳизби либераливу демократии Ӯзбекистон, Ҳизби сотсиал-­демократии «Адолат» ва Ҳизби экологии Ӯзбекистон номзадҳои худро пешбарӣ мекунанд.
Мувофиқи Кодекси интихобот минбаъд ҳизбҳои сиёсӣ ҳуқуқ доранд, ба Палатаи қонунофарӣ барои интихоботи оянда аз 135-то не, балки аз тамоми 150 ҳавзаи интихоботӣ номзадҳои худро пешбарӣ намоянд. Бекор карда шудани квота, ки барои Ҷунбиши экологии Ӯзбекистон дода шуда буд, рақобати байни ҳизбҳоро пурқувват хоҳад кард.
Дар интихобот беш аз 20 миллион нафар интихобкунанда иштирок менамоянд, аз ҷумла зиёда аз ду миллион ҷавонон бори аввал овоз медиҳанд.
Дар хотимаи ҷамъомад раиси Комиссияи марказии интихоботӣ, роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ ба толори махсус орододашудаи Маркази байналхалқии матбуот даъват шуданд. Онҳо тугмачаҳои шаффофро пахш карда, ба маъракаи интихобот ба тарзи тантанавӣ оғоз бахшиданд. Дар экрани бузург тасвири «Соли 2019, 22-юми декабр. «Ӯзбекистони нав. Интихоботи нав!» падидор шуд.
Дар Маркази байналхалқии матбуот фаъолияти маркази зудамали ба интихобкунандагон маълумотдиҳанда (Call-­center) ба роҳ монда шуд. Дар минтақаҳои марказ низ шӯъбаҳо ба кор сар карданд.