Ба ҷойи воридот – маҳаллигардонии истеҳсоли маҳсулот

Ба ҷойи воридот – маҳаллигардонии истеҳсоли маҳсулот

Ҳоло мувофиқи талаботи замон ба инкишоф додани саноат, баланд бардоштани рақобатпазирӣ ва зиёд кардани номгӯйи маҳсулот эътибор зиёд мегардад. Бинобар ҳамин, 17-уми сентябр таҳти роҳбарии Президенти мамлакатамон бахшида ба масъалаҳои босуръат ривоҷ додани саноат, баланд бардоштани дараҷа ва вусъат додани миқёси маҳаллигардонӣ ҷамъомади видеоселекторӣ ба амал омад. Дар он роҳбари давлатамон аз ҷумла қайд кард:
– Мо бояд сиёсати саноатиеро пеш барем, ки ба истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда ва ивазкунандаи воридот, ташаккул додани арзиши баланди иловагӣ нигаронида шудааст. Аз захираву имкониятҳои ашёи хоми мавҷуда истифода бурда, амиқ гардондани дараҷаи маҳаллигардонӣ ва босуръат вусъат додани миқёси он бояд асоси ин сиёсати саноатӣ гардад.
Маҳаллигардонии коркарди маҳсулот аҳамияти калони иқтисодӣ дорад. Агар он молу маҳсулоте, ки мо аз хориҷа меорем, дар ҳудуди ҷумҳурӣ истеҳсол карда шаванд, ҳам ба буҷети давлатӣ ва ҳам ба берун набаромадани асъори хориҷӣ имконият фароҳам меорад.
Моҳҳои январ-­августи соли равон ба ҳудуди вилоят ба миқдори 877,5 миллион доллар молу маҳсулот ворид гардидааст. Ин нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 141,1 миллион доллари ИМА кам аст. Ба ин маблағ асосан асбобу ускунаҳои технологӣ, транспорт ва қисмҳои эҳтиётии он, металл ва ашёи аз он тайёркардашуда, инчунин, маҳсулоти фармасевтикӣ харида шудаанд.
20,3 фоизи асбобу ускуна, техника ва маҳсулоти технологиро асосан корхонаҳои Ҷамъиятҳои саҳҳомии масъулияташ маҳдуди «Заводи автомобилии Самарқанд», «JV MAN Avto-­Uzbekistan» ва «Uz Auto Trailer» ворид гардонданд.
Дар даври гузашта ҳамагӣ 311,8 миллиард сӯмина маҳсулоти ивазкунандаи импорт истеҳсол гардид.
Дар доираи лоиҳаи маҳаллигардонӣ дар 11 корхона 28 лоиҳа дар амал ҷорӣ карда шуд. Онҳо 97,0 миллиард сӯмина маҳсулот бароварданд. Берун аз доираи барномаи лоиҳавӣ дар 8 корхона 214,8 миллиард сӯмина маҳсулот истеҳсол гардид. Дар натиҷа воридоти маҳсулоти импортӣ ба маблағи 23,1 миллион доллар кам шуд.
Аз рӯйи барномаи маҳаллигардонӣ дар корхонаи Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Inter Kristal Savdo Servis»-и ноҳияи Самарқанд 54,0 миллиард сӯмина қубурҳои металлӣ истеҳсол гардид. Ба туфайли чунин маҳаллигардонии коркарди маҳсулот ҳаҷми воридот ба қадри 6,4 миллион доллари ИМА кам карда шуд. Берун аз барномаи лоиҳаҳои маҳаллигардонии маҳсулот Ҷамъиятҳои масъулияташ маҳдуди «Азия металпроф»-и шаҳри Самарқанд, «Миранкул конструкшейн материалис LTD»-и ноҳияи Нуробод ва «SamElektro Servis»-и ноҳияи Ургут маҳсулотҳои ивазкунандаи молҳои хориҷӣ истеҳсол карданд. Вале ҳамаи инҳо ҳанӯз қаноатбахш нестанд.
Дар вилоят то охири сол истеҳсоли 530,3 миллиард сӯмина маҳсулот дар назар аст. Агар ин нақшаҳо амалӣ шаванд, ҳаҷми импорти маҳсулот ба миқдори 57,0 миллион доллари ИМА кам мегардад.

Б.ҶУМЪАЕВ.