Самбочиёни мо – ғолиби қитъа

Самбочиёни мо – ғолиби қитъа

Дар маҷмӯаи варзишии «Shaheed Vijay Singh Rathik»-и шаҳри Ню-­Деҳлии Ҳиндустон чемпионати навбатии самбочиёни қитъаи Осиё ба вуқӯъ пайваст, ки аз 22 кишвари ҷаҳон барои пирӯзӣ талош варзиданд.
Маросими мазкур бо суруду рақсҳои миллии Ҳиндус­тон оғоз ёфт. Дар он сафири Ӯзбекистон дар давлати Бангладеш Фарҳод Орзуев, президенти раёсати самбои Осиё Аъламҷон Муллоев, президенти Ассотсиатсияи самбочиёни Ӯзбекистон Алишер Олимов ва дигар шахсони расмӣ ширкат варзида, ба варзишгарон комёбиҳо талабиданд. Сипас, дар мусобиқаи бонуфуз писарону духтарони то 20-сола ва самбочиёни ҷанговар ба майдон баромаданд. Боиси хурсандист, ки дар мусобиқа вакилони Ӯзбекистон 40-то медал ба даст оварданд.
Ба ин комёбӣ варзишгарони Самарқанд низ саҳми муносиб гузоштанд. Дар ҳисоби онҳо 10-то медал буда, 7-тояш тилло, 2-то нуқра ва якто биринҷӣ аст.
Дар байни онҳо устоди варзиши тоифаи байналхалқӣ Нодира Гулова, донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии Самарқанд Ҳакимҷон Исмоилов, мураббии Мактаби захираҳои олимпии Тайлоқ Гулмира Исматова ва дигарон ҳастанд.
Бояд таъкид намуд, ки дастаи Ӯзбекистон дар Осиё ҷойи аввалро гирифт. Ба варзишгарони Самарқанд дар ҳайати дастаи ҷумҳурият аз рӯйи нишондиҳандаҳо ҷойи аввал насиб гашт. Ғолибон бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.
– Мо дар Ҳиндустон ҷойҳои таърихии кишвари афсонавиро тамошо кардем, – гуфт мураббии варзишгарон Ҷаъфар Ҷабборӣ. – Алалхусус, маҷмӯаи Тоҷмаҳал ба мо таассуроти калон гузошт. Кӯчаҳо, гулгаштҳо, табиат ва обу ҳавои ин мамлакат хеле зебоянд.
Баъди бозгашт дар тайёрагоҳи Тошканд маросими қабули ғолибон низ хотирнишин буд.
Акнун ғолибон ба чемпионати ҷаҳон тайёрӣ мебинанд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА.