Комёбиҳои духтараки паҳлавон

Комёбиҳои духтараки паҳлавон

Мураббияи Мактаб-­ин­тернати ихтисосонидашудаи захираҳои олимпии Тайлоқ Гулмира Исматова ду маротиба чемпиони ҷаҳон ва чор маротиба чемпиони Осиё гардидааст. Бинобар ин, ба номи устои варзиши тоифаи байналхалқӣ мушарраф шудааст. Гулмира чанде пеш дар мусобиқаи яккачини қитъаи Осиё доир ба самбо, ки дар Ҳиндустон гузаронида шуд, иштирок карда, медали тиллоро ба даст овард.
Гулмира Исматова худ зодаи деҳаи Каттақишлоқи ноҳияи Тайлоқ аст. Вай набераи паҳлавони номии ноҳия Асрорбобо буда, аз айёми бачагӣ гӯштингирии бобояшро бо ҳавас тамошо мекард. Бинобар ҳамин, дар дили Гулмира нисбати ин намуди варзиш меҳр пайдо шуд. Асрорбобо шавқмандии набераашро дида, ба вай асрори гӯштингириро омӯхта, ҳаматарафа дастгирӣ кард. Гулмира тӯли солҳо асрори гӯштӣ, гӯштиии миллӣ, гӯштии озод, самбо, дзюдо ва гӯштии минёбанддорро омӯхт.
– Гӯштӣ ба як ҷузъи ҳаёти ман табдил ёфтааст, – мегӯяд Гулмира. – Аввалин устодам наздиконам мебошанд. Инчунин, ҳоло асрори гӯштигириро аз Баҳодур Бердиқулов ва Шавкат Ҷӯраев меомӯзам. Омӯхтаҳоямро ба 15 нафар шогирдам омӯзонида, онҳоро низ ба мусобиқаҳо тайёр мекунам. То ҳол чанде аз онҳо дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ, ҷумҳуриявӣ ва чемпионатҳои Осиё иштирок карда, ҷойҳои ифтихориро ба даст овардаанд. Худам алҳол ба чемпионати ҷаҳон доир ба самбо, ки моҳи ноябри соли ҷорӣ дар Кореяи Ҷанубӣ гузаронида мешавад, тайёрӣ мебинам. Дар мамлакатамон ба рушди варзиши зану духтарон эътибори алоҳида дода мешавад. Аз ин рӯ, дар мактаб-­интернат доир ба гӯштии самбо ҷамоаи духтаронро ташкил кардам.
Бо варзиш ҳамнафас гардидани Гулмира бесабаб нест. Модараш Гулчеҳра Ҳамроева борҳо дар веломарафон иштирок карда, ғолиб гардидааст. Бародараш Фирдавс Исматов устоди варзиш доир ба самбо, пайванди хонадон Шоҳҷаҳон Наҷмиддинов ба қарибӣ аз рӯйи намуди қаиқронии академӣ дар Осиё ҷойи дуввумро гирифт.

Ҳ.ЭЛТОЕВ.