Ставкаи андози арзиши иловагӣ аз 20 то 15 фоиз кам гардид

Ставкаи андози арзиши иловагӣ аз 20 то 15 фоиз кам гардид

Бо мақсади таъмин кардани устувории бозори истеъмолӣ, фароҳам овардани шароит барои баланд бардоштани рақобатпазирии истеҳсолгарони ватанӣ, инчунин ташаккул додани «занҷир»-и пайвастаи андози арзиши иловагӣ Фармони Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 26-уми сентябри соли 2019 «Дар бораи чораҳо оид ба минбаъд такмил додани сиёсати андози Ҷумҳурияти Ӯзбекистон» қабул гардид.
Мувофиқи қарор:
Аз 1-уми октябри соли 2019 ставкаи андози арзиши иловагӣ аз 20 то 15 фоиз кам карда шуд.
Тартиби дарамали аз ҷониби мақомоти хидмати давлатии андоз боздоштани амалиёт бинобар ҳисобҳои андоздиҳандагон дар бонкҳои тиҷоратӣ бекор карда шуд.
Аз 1-уми октябри соли 2019 ҳосили ҷамъи пардохти ягонаи андоз, ки пештар ба ҳисоби Фонди ғайрибуҷавии нафақаи назди Вазорати молияи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон гузаронда мешуд, ба буҷаҳои Ҷумҳурияти Қароқалпоқистон, буҷаҳои маҳаллии вилоятҳо ва шаҳри Тошканд гузаронда мешаванд.
Ҳангоми тайёр намудани лоиҳаи Буҷаи давлатии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон барои соли 2020 инҳо ба назар гирифта мешавад:

– аз 25 то 12 фоиз кам кардани ставкаи пардохти ягонаи иҷтимоӣ барои корхонаҳои давлатӣ, шахсони юридикӣ, ки дар фонди оинномавиашон (сармояи оинномавӣ) ҳиссаи давлат то 50 фоиз ва беш аз он мебошад, инчунин барои шахсони юридикӣ, ки дар фонди оинномавиашон (сармояи оинномавиашон) 50 фоиз ва аз он бештараш ба шахси юридикии ҳиссаи давлатиаш то 50 фоиз ва аз он беш ва зершӯъбаҳои сохтории он тааллуқ доранд; – муқаррар намудани ставкаи базавии андози даромади шахсони юридикӣ ба миқдори 15 фоиз бо нигоҳ доштани ставкаи андози даромад, ки дар намуди дивидент дода мешавад; – бекор кардани тартиби соддаи ҳисоб кардан ва пардохтани андози арзиши иловагӣ.