Ба ҷойи импорт – маҳаллигардонии маҳсулот

Ба ҷойи импорт – маҳаллигардонии маҳсулот

Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Стеклопластик»-и ноҳияи Самарқанд дар доираи барномаи маҳаллигардонии маҳсулот бештар бо «JM MAN Auto Uzbekistan», «Sam Auto», вазоратҳои тандурустиву таълими халқӣ ва ғайра ҳамкорӣ менамояд.
Мо оиди кору бори имрӯза ва лоиҳаҳо амалигардонии минбаъдаи он бо сарконструктор ва мудири шӯъбаи баамалбардории лоиҳаҳои нав Абдумалик АБДУШУКУРОВ сӯҳбат оростем.
– Корхонаи мо соли 1995 ташкил ёфта, ҳоло бештар аз 500 хел маҳсулот кор карда мебарорад, – гуфт А. Абдушукуров. – Қисми асосии онҳоро асбобу ускунаҳои варзишӣ, тиббӣ, таълимӣ ташкил мекунанд. Ҳоло мақсади асосии мо таъмини рақобатпазирии маҳсулот ва ба хориҷа экспорт кардани онҳо аст. Бинобар ҳамин, мо ҳамеша дар ҷустуҷӯ мебошем. Дар намоишгоҳҳо иштирок карда, бо маҳсулоту лоиҳаҳои фоидаовар шинос мешавем ва онҳоро барои дар истеҳсолот ҷорӣ кардан кӯшиш менамоем.
– Барои истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру нав ва ҷавобгӯйи стандартҳои байналхалқӣ технологияҳои нав заруранд. Ин гуна масъалаҳо чӣ хел ҳал мегарданд? – Албатта, барои истеҳсоли маҳсулоти нав дастгоҳҳои ҳозиразамон заруранд. Мо инҳоро хуб медонем. Ба қарибӣ аз Туркия дастгоҳҳоеро овардам, ки металлро ба воситаи лазер мебуранд, арра мекунанд. Мувофиқи талаботи бозори дохиливу хориҷӣ ин гуна корҳоро минбаъд ҳам давом медиҳем.
– Ҳозир ба ҳудуди вилоят ҳаҷми воридоти маҳсулот зиёд аст. Барои кам кардани ҳаҷми он оё мо бояд истеҳсоли ивазкунандаи он гуна маҳсулотро ба роҳ монем?
– Ҳа, ба ҷойи ивазкунандаи арматураи оҳанин мо истеҳсоли арматураи стеклопластикиро ба роҳ мондем. Ҳоло якчанд хелашро мебарорем. Онҳо аз 6 то 12- миллиметра мебошанд. Ин гуна арматураҳоро арматураи композитӣ мегӯянд. Онҳо аз арматураи оҳанин 3 маротиба бақувват ва вазнаш 2 маротиба сабуктар аст. Ба ин маҳсулоти нави мо талабот дар бозори дохилӣ калон мебошад. Онҳоро дар сохтмонҳо васеъ кор фармуда истодаанд. Ҳоло дар корхона маҳаллигардонии истеҳсоли 11 намуди маҳсулотро ба роҳ мондем. Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ин нишондод 1713,3 миллион сӯмро ташкил дод. Дар давоми солҳои 2020-2021 дар корхона ҷорӣ кардани боз се лоиҳаи нави маҳаллигардонӣ ба нақша гирифта шудааст. Мувофиқи ин лоиҳаҳо арматура ва қубурҳои профилҳои гуногуни ба ҳам пайвастшаванда ва ғайра истеҳсол мегарданд ва боз 30 нафар бо кори доимӣ таъмин мешаванд.
– Ҳоло талабот ба маҳсулоти корхонаи шумо дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ чӣ хел аст?
– Ин масъалаи мураккаб аст. Пеш аз ҳама иқлиму талаботи ҳар як давлатро омӯхтан лозим аст. Намоишгоҳҳо ташкил карда, маҳсулотамонро намоиш медиҳем. Мо ҳоло бо Туркманистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон шартнома дорем. Маҳсулотҳои спортии корхонаро бештар ба ин давлатҳо экспорт мекунем. Мақсади мо ба экспорт баровардани маҳсулот мебошад. Барои хариди арматураҳои композитӣ аз Тоҷикистон талабгорон пайдо шуданд.
– Пештар дар корхонаи шумо барои ҳавзҳо ҳар хел қаиқу таҷҳизот бароварда мешуд. Ҳоло чӣ?
– Ҳозир ҳам дар корхонаи мо қаиқ ва байдаркаи каноэ бароварда мешавад. Барои канали қаиқронии Самарқанд онҳоро худамон тайёр мекунем. Ин гуна таҷҳизоти спортиро вилояти Тошканд гирифт. Мувофиқи талабот ба Қазоқистон ҳам фиристондем. Ҳоло, ки ин хел талабномаҳо ҳастанд, мо мувофиқи дархости онҳо кор мебарем.
Вале қисми асосии маҳсулоти мо ба таъмини соҳаи тиббӣ нигаронида шудааст. Ҳозир барои ин соҳа дар хориҷа чӣ хел ҷиҳоз, кату курсиҳои махсус тайёр мекарда бошанд, аз ҷумла, катҳои ҷарроҳӣ, реаниматсионӣ, курсиҳои стоматологӣ, ташхисӣ ва ғайраро маҳаллӣ гардондем ва истеҳсол мекунем.
– Таҷҳизоти спортӣ, аз ҷумла, нишастгоҳҳои стадионҳо низ моли «Стеклопластик»-анд?
– Курсиҳои стадиони «Динамо», маҷмӯаҳои калон-­калони варзишии ҷумҳуриро бо курсиҳо таъмин мекунем. Бар замми онҳо истеҳсоли даҳҳо хел тренажёр ва инвентарҳои спортӣ ба роҳ монда шудааст. 70 фоизи ашёи хоми онҳо масолеҳи маҳаллӣ мебошанд, ки ба паст шудани нархи маҳсулот мусоидат мекунад.
– Нақшаҳои ояндаи корхона?
– Нақшаҳои ояндаамон калон. Масалан, оиди истеҳсоли маҳсулоти спортӣ мо бо корхонаҳои калонтарини Европа ҳамкориро ба роҳ монданием. Мақсад, ончунон таҷҳизотҳое истеҳсол кунем, ки ба стандартҳои байналхалқӣ ҷавоб диҳанд. Дар навбати аввал, маҳсулоти худро бештар ба Иттиҳоди давлатҳои мустақил экспорт кардан аст. Иқтидори корхонаро сол аз сол зиёд мекунем. Ҳоло қувваи солонаи истеҳсоли маҳсулоти корхона 39 миллиард сӯм аст. Ҳамин сол ин рақамро мо ба 33 миллиард ва соли оянда ба 35 миллиард сӯм расонданием.

Мусоҳиб Б.ҶУМЪАЕВ.