Рамзи эҳтиром – гулдастаҳои тару тоза

Рамзи эҳтиром – гулдастаҳои тару тоза

Дирӯз дар саросари мамлакатамон Рӯзи муаллимон ва мураббиён ҷашн гирифта шуд. Шогирдон устодону мураббиёни худро бо идашон табрику муборакбод карда, гулдастаҳо бахшиданд.
Чунин ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи муаллим ва мураб­биён дар мактаби таълими умумии рақами 47-и ноҳияи Самарқанд низ доир гардид. Дар он падару модарони хонандагон ва фаъолони маҳаллаҳо иштирок карданд. Аз ҷумла, раисони ҷамъомади шаҳрвандони маҳаллаҳои Даштиобод Бурҳон Болтаев ва маҳаллаи Ҷарқишлоқ Содиқ Зайниев омӯзгоронро табрик карда, барои вусъат додани ҳамкориҳои байни мактабу маҳалла тайёр будани худро изҳор карданд.
Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки солҳои охир ғамхориҳои давлату ҳукумат нисбат ба мактабу маориф зиёд мегардад. Моҳонаи кадрҳои педагогӣ афзуда, эътибори онҳо баланд мешавад. Ислоҳоти соҳа давом ёфта, лоиҳаҳои муфиди сифату самаранокии кори омӯзгорон амалӣ мегарданд.
Директори мактаб М. Давронова дар суханронии худ қайд кард, ки дар мактаб ҳоло ба 698 нафар хонандагон бештар аз 40 нафар омӯзгорон таълиму тарбия медиҳанд. Минбаъд корҳои таълиму тарбияро бо дастгирии фаъолони маҳаллаҳо пурзӯртар мегардонанд.

Б.ҶУМЪАЕВ.