Ҷоми Ӯзбекистон ба тошкандиён насиб кард

Ҷоми Ӯзбекистон ба тошкандиён насиб кард

Дар мактаби қаиқронии захираҳои олимпии ихтисосонидашудаи наврасон ва бачагони Самарқанд бо ташаббуси ҳокимияти вилоят, Шӯрои марказӣ ва вилоятии ташкилоти «Ватанпарвар» ва федератсияи триатлони Ӯзбекистон доир ба намуди триатлони варзиш зинаи финали мусобиқа барои Ҷоми Ӯзбекистон шуда гузашт.
Дар он аз тамоми вилоятҳо ҷамъ 120 нафар варзишгарон иштирок карданд.
Дар мусобиқа ҷонишини якуми раиси Федератсияи триатлони Ӯзбекистон Ф.Носиров, ҷонишини раиси шӯрои марказии ташкилоти «Ватанпарвар» Т.Яқубов ва сарҳаками мусобиқа В.Растригин ба сухан баромада, таъкид намуданд, ки мақсад аз ташкили мусобиқа санҷиши маҳорати варзишгарони ҷавон ва тайёрӣ ба мусобиқаҳои ҷамоавии ҷумҳуриявӣ мебошад.
Сипас, чанд нафар сарояндагон дар васфи Ватан ва тараннуми тинҷиву осудагӣ сурудҳо хонданд. Баҳс дар байни писар ва духтаракони соли таваллудашон 1997, 1998-2000 ва 2001-2003 гузаронида шуд. Барои нағз гузаронидани мусобиқа чораҳои бехатарӣ дида шуда, аз тарафи ташкилотҳо шароитҳои хуб муҳайё карда шуд.
Мувофиқи натиҷаҳои ниҳоӣ ҷойи якумро ҷамоаи варзишгарони шаҳри Тошканд, ҷойи дуюмро вилояти Навоӣ ва ҷойи сеюмро варзишгарони вилояти Қашқадарё гирифтанд. Ғолибон бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ мукофотонида шуданд.

Д.ТОШБЕКОВ,
сармутахассиси Шӯрои
вилоятии ташкилоти «Ватанпарвар»
.