Ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявӣмуайян гардиданд

Ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявӣмуайян гардиданд

Иҷрои ташаббусҳо дар амал
Варзиш… Яке аз самтҳои афзалиятноке мебошад, ки барои ҳар чӣ тезтар дар ҷаҳон шӯҳратёр гардидани мамлакат саҳм мегузорад. Ривоҷ додани соҳаи варзиш яке аз самтҳои устувори сиёсати имрӯзаи Ӯзбекистон буда, дар мамлакат ба дастгирии варзишгарони пешқадам ва муҳайё кардани шароитҳои зарурӣ барои онҳо эътибори алоҳида дода мешавад.
Рӯзи 28-уми сентябри соли ҷорӣ дар маҷмӯаи варзишии «Афросиёб»-и шаҳри Самарқанд маҳз бо мақсади таъмини иҷрои яке аз панҷ ташаббуси муҳими аз тарафи Сарвари давлатамон пешниҳодгардида, ки ба фароҳам овардани шароити зарурӣ барои тарбияи ҷисмонии ҷавонон, намоён кардани қобилияти варзишии онҳо равона карда шудааст, бо ташаббуси рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» ба муносибати 30-солагии ташкил гардидани рӯзнома ва Рӯзи муаллим ва мураббиён аз рӯи намуди фудокан каратэ-­дои варзиш турнири ҷумҳуриявӣ гузаронида шуд.
Тадбир бо ҳамкории ҳокимияти вилояти Самарқанд, Садорати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши вилоят, Шӯрои вилоятии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон ва Маркази рушди каратэ-­дои анъанавии вилоят ташкил гардид.
Нахуст ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Зарафшон» Ғ. Ҳасанов, сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» Б. Раҳмонов ва дигарон оиди чорабиниҳое, ки дар мамлакат бобати рушди соҳаи варзиш амалӣ мегарданд, мақсади ташкили мусобиқа, аҳамияти он дар рушд ва оммавигардонии намуди фудокан каратэ-­дои варзиш ҳарф заданд. Таъкид гардид, ки варзиш баробари ташвиқу таб­лиғи тарзи ҳаёти солим, яке аз воситаҳои беҳтарини мустаҳкамсозии дӯстии байни инсонҳо ва кишварҳои ҷаҳон мебошад ва гузаронидани ин турнир низ барои пойдорсозии дӯстӣ байни варзишгарон, интихоби беҳтаринҳо хизмат хоҳад кард. Инчунин, кормандони соҳаро бо Рӯзи муаллим ва мураббиён табрик карда, ба иштирокдорон муваффақият таманно намуданд.

Мамнуният аз эътибор
Дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ беш аз 300 нафар иштирокдорон аз рӯйи тоифаҳои синну соли 6-7, 8-9 ва 10-11 сола қувва озмуданд.
– Мо барои иштирок аз вилояти Фарғона омадем, – гуфт мураббии варзиш, қаҳрамони чоркаратаи Ӯзбекистон Беҳзод Набиҷонов. – Дар мусобиқа се нафар шогирдам иштирок доранд. Онҳо борҳо дар мусобиқаҳои вилоятӣ ва ҷумҳурӣ муваффақиятҳоро ба даст овардаанд. Дар ин турнир бошад ҷои дуюмро ишғол кардем. Имрӯз бо баҳонаи турнир аз тамоми вилоятҳо каратэчиёни ҷавон ҷамъ омаданд. Худ шоҳид гардидам, ки аксари онҳо тайёрии ҳамаҷониба дидаанд. Бояд гуфт, ки ташкили чунин мусобиқаҳо барои такмили маҳорати каратэчиёни ҷавон хизмат карда, вазифаи мактаби таҷрибаро иҷро мекунад. Бо ташаббуси рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» ташкил гардидани мусобиқаи ҷумҳуриявиро алоҳида эътироф кунем меарзад. Ин ташаббуси ҷамоаи таҳририят шоёни таҳсин мебошад. Агар ҳар як рӯзнома бо чунин ташаббус барояд ва барои рушди соҳаи варзиш саҳмгузорӣ намояд, адади чемпионҳои кишварамон боз ҳам меафзуд.
Иштирокдори хурдтарин аз рӯйи ду самт ғолиб гардид
Мусобиқа бо қувваозмоиҳои шадиди каратэчиён гузашт. Ҳайати доварон мекӯшиданд, ки ба ноадолатӣ роҳ дода нашавад ва ягон нафар варзишгар норозӣ нагардад.
– Ҳоло шашсола ҳастам, – гуфт варзишгари хурдтарини мусобиқа аз ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд Бахтовул Сирлибоев. – Се сол боз бо ин намуди варзиш машғул ҳастам. Имрӯз дар мусобиқа аз рӯйи ду равия иштирок карда, ҷойҳои якум ва дуввумро ба даст овардам. Дар мусобиқа дӯстони зиёд ёфтам. Аз онҳо баъзе машқҳои нав­ро омӯхтам.
Лаҳзаҳои фаромӯшнопазир
Ниҳоят, лаҳзаҳои фаромӯшнопазир фаро расид. Дар чеҳраи ҳар як иштирокдор ҳаяҷонро мушоҳида кардан душвор набуд. Каратэчиёни ҷавон, ки аз вилоятҳо омада буданд, ба ҳам дар бораи дастовардҳояшон нақл мекарданд, таҷриба иваз менамуданд. Ҳамин дам садои мураббӣ баланд шуд. Иштирокдорон ором шуданд. Як-­як номи ғолибон эълон гардид. Бачаҳое, ки номашон зикр мегардид, бол бароварда, бо чеҳраи болида ба саҳна мебаромаданд. Аз дасти ҷонишини ҳокими вилоят Р. Қобилов ва ташкилотчиёни тадбир қабули тӯҳфаҳо ба онҳо ғуруру ифтихор мебахшид.
Мувофиқи натиҷаҳои ниҳоии мусобиқа, варзишгарони вилояти Тошканд ҷойи якумро ба даст оварданд. Ҷойи дуввум ба каратэчиёни вилояти Ҷиззах ва ҷойи сеюм ба ҷавонони Ҷумҳурияти Қароқалпоқистон ва вилояти Фарғона насиб кард.
Ғолиб ва иштирокдорон бо диплом ва тӯҳфаҳои махсуси рӯзномаи «Овози Самарқанд» мукофотонида шуданд. Ҳама пас аз ба даст гирифтани тӯҳфа пеши паннои ташкилотҳои ҳамкор мерафтанд ва барои хотира аксбардорӣ менамуданд. Хурсанд буданд, ки дар байни варзишгарони ҷумҳурӣ аз беҳтаринҳо эътироф шуданд.

Ф.ЮЛДОШЕВ.