Таълими касбу ҳунар бо андозаҳои байналмилалӣ

Таълими касбу ҳунар бо андозаҳои байналмилалӣ

Рӯзи 3 – юми октябри соли ҷорӣ дар Хонаи матбуоти вилоят Садорати минтақавии таълими касбу ҳунари вилояти Самарқанд дар бобати такмилдиҳии сохтори таълими касбии вилояти Самарқанд анҷумани матбуотӣ гузаронд.
Дар тадбир сардори садорат Азиз Насимов аз рӯйи такмилдиҳии сохтори таълими касбӣ дар вилояти Самарқанд тақдимот пешкаш намуд.
Нотиқ дар суханрониаш доир ба ислоҳоти соҳаи касбу ҳунар, мазмун ва моҳияти Фармони Президенти мамлакат аз 6 –уми сентябри соли ҷорӣ «Дар бораи чораву тадбирҳои иловагӣ доир ба боз ҳам такмилдиҳии сохтори таълими касбӣ» таҳти рақами ФП – 5812, се зинаи таълими касбу ҳунар, навигариҳои соҳаи мазкур, амалишавии тадбирҳои комплексӣ дар ин соҳа ва ғайра ҳарф зад.
Гуфтан ҷоиз, ки бо Фармони мазкур аз соли хониши 2020-2021 дар Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ташкил намудани сохтори таълими мактабҳои касбу ҳунарӣ, коллеж ва техникумҳои бо дараҷаҳои стандарти байналмилалӣ таснифгардидаи таълим (таснифоти байналмилалӣ) ва барномаҳои таълими табақагардонидашуда муайян гаштааст.

Таснифоти байналмилалӣ аз 9 дараҷа иборат буда, дараҷаҳои 0,1,2 ба таълими томактабӣ ва таълими миёнаи умумӣ, дараҷаҳои 3,4,5 ба таълими касбӣ ва дараҷаҳои 6,7,8 ба таълими олӣ ва пас аз олӣ мос меояд.
– Дар соли хониши 2019-2020 дар базаи синфи 9 дар 108 коллежи касбу ҳунарӣ 23580 нафар хонандаҳои зинаи 3 (дар 855 гурӯҳ) инчунин, дар асоси маълумоти миёнаи умумӣ (базаи 11 – сола) аз рӯйи 11 самт бо 2734 нафар хонандаи қабулгардида (дар 85 гурӯҳ) 24314 нафар хонанда (дар 940 гурӯҳ) ҷараёни омӯзиши касб ташкил шудааст. 1539 нафар омӯзгор, 1283 нафар омӯзгори соатбай, 478 нафар устоди таълими амалӣ, ҷамъ 3300 нафар омӯзгор ва устоди таълими истеҳсолӣ фаъолият нишон медиҳанд, – гуфт зимни суханронӣ А. Насимов.
Сипас, ҷонишини сардори садорат Розиқ Файзиев дар баромадаш оиди натиҷаҳои оптималгардонии муассисаҳои таълимӣ сухан ронд.
Дар анҷоми анҷуман сардор ва мутахассисони садорат ба саволҳои журналист ва блогерҳо посух доданд.

Маълумоти статистикӣ:
Дар вилояти Самарқанд то моҳи январи соли 2017 – ум 167 коллеҷи касбиву ҳунарӣ (аз ҷумла, 5 филиал) фаъолият нишон додаанд. Аз онҳо 26 коллеҷи касбиву ҳунариро ба тасарруфи дигар вазорат ва идораҳо гузарониданд. Аз ҷумла, 3 коллеҷи касбиву ҳунарӣ ба мактаби ихтисосонидашуда ва мактаб – интернатҳо мубаддал гардиданд. 23 бинои коллеҷи касбиву ҳунариро ба тасарруфи дигар ташкилот, вазорат, идораҳо гузарониданд.
Бо фармони Президент (аз 6 –уми сентябри соли ҷорӣ) 141 коллеҷи касбиву ҳунарӣ оптималикунонида шуданд. Дар Фармони Президент аз рӯйи фаъолияти 141 коллеҷи касбиву ҳунарӣ вазифаҳои аниқ муайян гардидааст.

Ҷамшеди АСРОР.