Арзи сипос ба китобҳо

Арзи сипос ба китобҳо

Онҳо дар ҳамин ҷо – интизору хомӯш. Онҳо анбӯҳ намегиранд, талаб намегузоранд, ёдрас намесозанд. Ғарқи хоб, қад-­қади девор хомӯш меистанд. Вале номи ҳар яке ҳамчун чашми боз сӯи ту назар меафканад. Ҳине ки ту ба онон чашм медавонӣ, аз қафоят бо зориву тавалло дод намезананд, худро ба пеш намеандозанд, чизе немехоҳанд. Онҳо интизор мебошанд, то худ барояшон дил боз кунӣ ва маҳз ҳамон вақт онҳо бароят дил мекушоянд.
Сараввал сукут: дар гирду дар ботини мо. Ва ниҳоят ту ҳозирӣ ба пазироии онон: бегоҳирӯзӣ ташвишҳоятро пас афканда, рӯзона аз одамон безор шуда, субҳгоҳон аз хоб бедор шуда. Хоҳонӣ, ки таҳти мусиқии онҳо ғарқи орзуҳо гардӣ. Бо эҳсоси пешакии ҳузру ҳаловат назди ҷевон меоӣ ва садҳо номҳо хомӯшу босаброна нигоҳи ҷӯёи туро пешвоз мегиранд, ба мисле канизак дар ҳарам нигоҳи хоҷаи худро итоаткорона, вале бо умеди пинҳонӣ, ки гузиниш бар ӯ меафтаду танҳо бо ӯ лаззат мебарад. Вақто ки ангуштони ту ба мисли ҷӯёи оҳанги дилхоҳ ба забонакҳои фортепиано дахл мекунанд, ба яке аз китобҳо боз меистанд, он навозишкорона бо ту ҷафс мешавад, ин хилқати гунгу хомӯшу покиза чун ғиҷҷаки сеҳрангезе, ки тамоми садоҳои осмониро ба худ омехта.
Инак, ту варо бикшодӣ, сатреро, шеъреро мехонӣ… ва дилхунукона ба ҷояш мегузорӣ: он бо кайфияти ту ҳамоҳанг нест. Қадами дигар мегузорӣ, онсӯтар меравӣ, то ки заруриатро, дилхоҳтаринро пайдо кунӣ. Ва баногоҳ шах мешавӣ, нафасҳои ту бо нафасҳои бегона махлут мегардад, ҳамчуноне, ки зани дӯстдоштаат назди туст. Ва он гоҳ ҳамон баргузидаи боиқболатро назди чароғ меорӣ ва он ба мисоле аз шуоҳои ботиниаш анвор мефишонад. Ҷоду амалӣ гардид: аз абрҳои нарми орзуҳои ширин рӯъё бунёд мегардаду эҳсоси туро паҳновариҳои бепоён фаро мегиранд.
Аз ким-­куҷо чиқ-­чиқи соат садо медиҳад. Вале ин вақти зи худ лағжон на бо соатҳо санҷида мешавад, он дорои андозаи дигарест. Мана ин китобҳо, пеш аз он, ки лабҳои мо номгӯиҳои онҳоро талаффуз сохтаанд, чандин асрҳо, чандин маконҳоро раҳсипорӣ намудаанд. Мана инҳо бошанд ҳанӯз ҷавонанд, маҳз дирӯзакак ба дунё омадаанд, маҳсули ошуфтагиву ниёзмандиҳои ҷавонписари навраси бемӯйлаб гардидаанд. Вале ҳамаи онҳо ба забони сеҳрангез ҳарф мезананду ҳамаашон дилҳоямонро баҳри ҳар чӣ пурзӯртар таппидан водор месозанд. Онҳо гирифтори ҳаяҷон месозанду меосоянд низ. Онҳо дили эътимодбастаро гирифтори валвала месозанду варо тасалло низ медиҳанд. Ва ғарқи онҳо мешавию худ инро пай намебарӣ. Оромиҳову мушоҳидаҳо фаро мерасанд, ба оҳангҳои дилнавози онҳо, ба олами дигар бидуни болҷунбонӣ парвоз месозӣ. О, шумо, лаҳзаҳои мусаффое, ки моро аз гирудори рӯзгор берун месозед, о, шумо, китобҳо, ҳамроҳи аз ҳама боэътимод, хомӯш, барои ҳозирии ҳамешагӣ, барои ширкати якзайлаатон баҳри рӯҳбаландиҳову зиндадилгардониҳо чӣ тавр сипос гузорем?!
Мавриди рӯзҳои торики ғарибӣ, дар бемористонҳои ҳарбиву сарбозхонаҳо, дар ҳабсхонаҳо байни бистари азобу машаққатҳо, дар ҳама ҷо, ҳамеша дар мақоми худ, ба одамон тӯҳфаҳо бахшидаед, қатраҳои шифобахш будаед баҳри дилҳои хастаи онон аз гирудори рӯзгор. Оҳанрабоҳои ҳалими самовот, шумо ҳамеша дилҳои муфлисро аз рӯзмаррагиҳо тавонистаед сӯи муҳити воломақоми худ кашола созеду ҳаргуна абрҳои сиёҳеро аз самовоти онҳо пароканда намоед.
Резаҳои бепоёнӣ, ки қад-­қади девор хомӯшона саф кашидаед, фурӯтанона истодаед дар хонаи мо. Вале ҳамин, ки дасте шуморо дахл намуда, озодатон месозад, дил бо шумо пайванд мегардад, шумо бошишгоҳи заминии моро боз месозед ва сухани шумо чун аробаи оташпаррон моро аз тору тангиҳои рӯзмарра сӯи бепоёниҳои абадият парвозҳои баланд мебахшад.

Стефан СВЕЙГ.
Тарҷима аз забони русӣ
Ҳусниддин ФАЙЁЗОВ.