Дар пурдабдаба гузаронидани тӯю маъракаҳо кӣ гунаҳкор?!

Дар пурдабдаба гузаронидани тӯю маъракаҳо кӣ гунаҳкор?!

Баъди интишори қарори муштараки шӯроҳои Палатаи қонунгузорӣ ва Сенати Маҷлиси Олии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон «Дар бораи минбаъд такмил додани низоми ба тартиб овардани тӯйҳо, тантанаҳои оилавӣ, маърака ва маросимҳо, чорабиниҳо бахшида ба хотираи марҳумҳо» дар байни мардум фикрҳои гуногун ба миён омаданд. Баъзеҳо хушҳолона «ана акнун тартиб мешавад» гӯянд, бархе бепарвоёна «боз як воҳимаандозӣ» гӯён даст меафшонанд.
Тӯй – хушрӯзии ҳар як инсон ва расму оини қадимии халқамон аст. Маҳз дар он саховатмандӣ, дилёбӣ, меҳмоннавозӣ, дӯстӣ барин фазилатҳои неки инсонӣ муҷассам. Сад афсӯс, ки солҳои охир маъракагузарониҳо ба манманӣ, худситоӣ ва аз ҳама бадаш – ба исрофгарӣ табдил ёфт. Тӯй ва дигар маросимҳо як навъи «мусобиқа» шуд.
Алалхусус, дар тӯйи ақди никоҳ бетартибиҳо, намоишкориҳо чунон авҷ гирифтанд, ки онро мушоҳида карда, гоҳо ангушти ҳайрат мегазед. Ҳангоми аз қайди никоҳ гузаштани арӯсу домод мошинҳои гаронбаҳои якранг турнақатор мешаванд, ки ҳангоми ташрифи меҳмонони олиқадр чунин ҳолатро намебинед. Нархи кирои онҳо аз сад доллар то 300 доллари амрикоиро ташкил мекунад. Дар баъзе тӯйҳо то 1200 нафар меҳмонон даъват мешаванд. Дар рӯйи дастархони тӯёна фақат шири мурғу пойи мор нест. Хӯрокҳо се-­чор хел. Воқеан, баднафсе ба чунин маърака рафта нозу неъматҳоро дида гуфта будааст, ки «Худоё, ё ҷонамро гир ё шикамамро калон намо!».
Дар як шабнишинӣ се-­чор маротиба либос иваз кардани арӯс, рақсу бозиҳои ба менталитетамон бегона, пош додани пулҳоро чӣ гуна маънидод кардан мумкин аст? Оё ин нишонаи паст рафтани маънавияту маърифат нест? Шумо, хонандаи закӣ, рамузфаҳм гуфтанатон мумкин, ки «калонҳои гузар, мӯйсафедон, зиёӣ ва маърифатпарварон ба куҷо менигаранд?». Ҷавоби мо тайёр: даҳони хӯранда – шарманда!
Акнун тасаввур кунед, ки барои тадбире, ки ҳамагӣ 2-3 соат давом мекунад, садҳо миллион сӯм маблағ сарф кардан дуруст аст?! Оё моро уболи нозу неъматҳо намегирад? Хуб, баъзе шахсҳо дар хориҷа бо роҳҳои гуногун маблағ ёфта, «ман аз фалонча кам не» гуфта, онро беғам сарф мекунанд. Мардуми миёнаҳолу оилаҳои камбизоат чӣ кор кунанд?! Бечора камбағал «аз қатор намонам» гуфта, то гардан ба қарз ғӯтида, маърака мегузаронад. Баъд дар оила аз норасоӣ ҷанҷолу ханҷол, баҳсу мунозира ва оқибат судбозӣ оғоз меёбад, ки натиҷааш вайрон шудани оила аст.
Хӯш, ба ин ҳодисаи нохуш кӣ гунаҳкор? Албатта мо – иштирокчиёни базми ҷамшедӣ, фаъолони гузар, пешвоёну фаъолон гунаҳкор!
Беш аз сад сол қабл аз ин маърифатпарвари машҳур Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ дар маҷаллаи «Оина» (соли 1915, шумораи 13) бо сӯзу гудоз навишта буд, ки «дар мо ду иллат аст – тӯй ва маросими дафн, ки рӯзгорамонро хароб мекунад». Сипас, дар матбуоти даврӣ боз бисёр мақолаҳои танқидӣ чоп шуд, тавассути оинаи нилгун ва радио нисбати исрофгарӣ сӯҳбати мизи мудаввар ташкил ёфт. Оё онҳо ягон натиҷа доданд? Пас аз ин ҳама чорабиниҳо чӣ тағйир ёфт?
Дуруст, муддао аз тӯй – некӣ ва хайру эҳсон мебошад. Дар маъракаҳо аминҳои гузар, мӯйсафедон даст ба дуо бардошта «ёфтаатон ба тӯй равад» мегӯянд. Аммо моён аз чӣ бошад, нисбати бахту саодат ва ояндаи фарзанду набераҳо не, балки чӣ тавр гузаронидани тӯй майна об мекунем ва ба исрофкорӣ роҳ медиҳем.
– Бо тақозои вазифа дар маъракаҳо иштирок мекунам, – гуфт имом-­хатиби масҷиди ҷомеи Хоҷа Зудмуроди шаҳри Самарқанд ҳоҷӣ Мустафоқул Меликзода. – Ҳамеша доир ба зиёни исрофкорӣ ва худситоӣ ҳарф мезанам, аммо суханҳои мо, пешвоёни дин ба баъзеҳо хуш намеояд ва аз қабили «пушти ману табари қассоб» рафтор мекунанд.
Масалан, дар дини мо ба гузаронидани маросими «бегоҳи панҷшанбе», «бист», «чил», «оши сол», «пул додан», «матоҳ ва чойи хушк тақсим кардан» иҷозат дода нашудааст. Мо дар баъзе маъракаву маросимҳои дафн ба рӯйи миз зеҳн монда ҳайрон мешавем, ки ин маросими мотам аст ё тӯй? Боз 100-200 нафар ва аз он зиёд мардум ширкат меварзанд. Хушбахтона, барои тағйирот оиди танзими тӯю маъракаҳо қарори муштараки шӯроҳои Палатаи қонунгузорӣ ва Сенати Маҷлиси Олии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон тасдиқ гардид, ки айни муддао аст. Умед дорем, ки барои ба амал татбиқ намудани қарори мазкур назорати ҷамоатӣ пурзӯр карда мешавад.
Воқеан, ҳоло масъалаи ба танзим даровардани маъракаҳоро мардум ба таври васеъ муҳокима мекунанд. Қобили зикр аст, ки аксари шаҳрвандон ин ислоҳотро бо хушнудӣ истиқбол гирифтанд. Аммо миш-­мишҳо ҳастанд, ки бойбачаҳо ва сарватмандони калондимоғ бо ҳар роҳ маъракаашонро ба таври худ, намоишкорона ва исроф­корона хоҳанд гузаронд.
Ба фикри мо ин дафъа қонун қатъӣ аст ва иҷрои он низ комилан назорат карда мешавад.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА.