Мактуби беимзо

Мактуби беимзо

Ҳикоя

«Хоҳари азизам… Баъд аз чандин сол дирӯз туро бо набераат дар боғи истироҳатии шаҳр дидаму дар пеши назарам давраи ҷавонӣ, сар задани ишқи аввалин, мулоқотҳои ширини ту дар пеши назар чун лентаи кино ҷилвагар шуд. Чунки чандин сол дар Самарқанд набудӣ. Барои дифои кори илмӣ солҳои бисёр гоҳ дар Тошканду Москва, гоҳ дар Тоҷикистон зиндагӣ кардӣ. Туро дидаму ба рагу паям хуни тоза ҷӯш зад. Гӯё аз нав ҷавон шудам. Ва ҷуръат кардам, ки ин мактуби беимзоро нависам.
Он солҳо шӯъбаи таълими халқии ноҳия маро ба мактаби деҳаи шумоён ҳамчун муаллими забон ва адабиёт фиристод. Ҷавони лоғари гандумранг, резапайкари назарногир будам. Дар синфи 10-ум мехондию ҳамчун духтараки аълохону фаъол, чун ҷонишини раиси сарвари хонандагон дар ҳамаи корҳои ҷамоатии мактаб иштирок мекардӣ. Духтараки 16 солаи қоматболои сафедандом, кулчарӯю хандонрӯ, кунҷи чашмонат каме танг буда, ба чашмони духтарони японӣ ва ё помирӣ монандӣ дошт. Ман ҳамчун муаллими нав ҳоло бо ҷамоаи муаллимон ва хонандагон он қадар ошно набудам, худро бегона ҳис карда, ба синфхона бо тарс дохил мешудам. Чунки хонандагони шӯху шартакигӯй муаллими нави хурдҷуссаро бо ҳар хел саволҳои ғайриоддӣ мулзам карданашон мумкин буд. Бори аввал ту ҷасурона аз ҷо хеста онҳоро танбеҳ додӣ, ки саволҳои подарҳаво ва аз мавзӯъ берун надиҳанд. Оҳиста-оҳиста бо шумоён унс гирифтам. Ту ҳар лаҳза мегуфтӣ, ки ба адабиёт шавқу ҳавас дорӣ. Аз ин ҷост бисёр рӯзҳо баъди дарсҳо ба хонаи корӣ омада, оиди образҳои асосии асарҳои Айнӣ – Ёдгору Гулнор ва ё Одинаю Гулбибӣ бисёр мепурсидӣ. Нисбати дӯстию рафоқат ва муҳаббати поку беғами онҳо бо завқ суханронӣ мекардӣ. Агар донӣ, аз ҳамон вақт туро дӯст дошта будам. Ҳар гоҳ қомати мавзун, рӯйи чун себи навпухта сафед, мӯйҳои тобнок, абрӯвони борику сӯзноки туро бинам, эҳсосам нисбати ту боз ҳам баланд мешуд. Рӯзе китоби Аминҷон Шукӯҳиро оварда пурсидӣ:

— Чаро Шукӯҳиро шоири лирик мегӯянд?
Дар ҷавоб:
«Лира калимаи лотинӣ буда, як намуди асбоби мусиқист. Шоиронеро, ки дар шеърҳояшон бисёртар ишқро ба пояи баланд мебардоранд – лирик мегӯяд» — гуфтам.
Боз мепурсидӣ. Шоирон зан-модарро бисёр ситоиш мекунанду ба ҷойи дигар сарзаниш. Масалан Турсунзода гуфтааст:
Зан ба ман маълум шуд, ки офтобӣ будааст,
Кори ӯ ҳамдилбарӣ, ҳам дилхаробӣ будааст.
Ё Фирдавсии бузург дар «Шоҳнома» овардааст:
Зану аждаҳо ҳар ду дар хок беҳ,
Ҷаҳон пок з-ин ҳар ду нопок беҳ.
Дар ҷавоб «Фирдавсии Тӯсӣ модари тӯҳматзадаи ӯгайи Сиёвушро дар назар дошта бошад, Турсунзода макру фиреби занҳоро. Чунки дар ривоятҳо оварда шудааст, ки макри зан чил харро бор» мегуфтам.
Рӯзе чун ҳамешагӣ муаллим не, номамро гирифта, ако гуфта пурсидӣ:

— Ишқи поку самимӣ ва беғаш чӣ гуна аст?
Ман сар хам карда ба ту, ки ба балоғат расида будӣ, оҳиста мегуфтам:

— Каме сабр кун, баъд худат мефаҳмӣ. Ҳис мекардам, ки аллакай дар қалбат нисбати ман ишқ пайдо шуда буд.
Мавсими ғунучини пахтаро дар ёд дорӣ? Ҳама бачагон аз пагоҳӣ бо чобукдастӣ сар боло накарда пахта мечиданд то нақшаи рӯзонаро иҷро кунанд. Дар акси ҳол бегоҳирӯзӣ дар ҷамъомад танбеҳ мешуниданд. Ту дар чидани пахта чаққон набудӣ. Аксар вақт наздат рафта, кӯмак мерасонидам. Намехос­там, ки дар ҷамъомад шарманда шавӣ. Ин корам баъдтар ба чанд сарусадоҳо сабаб шуд. Ин аст, ки рӯзе муаллимае ба ман гуфт:

Ба вай духтар бисёр ёрдам надиҳед. Монед худаш чинад. Магар намедонед, ки вай гаҳворабахш аст.
Ин хабарро шунидаму дар танам рашъа дамид. Гӯё аз сарам касе як сатил оби хунук рехта буд.
Акнун пеши ту намерафтаму аз дур дуздона менигаристам. Ту ҳар лаҳза саратро боло бардошта, ба атроф менигаристию маро ҷӯё мешудӣ. Вақти пешин бачагон пахтаҳои худро ба назди тарозу меоварданду ҳамон муаллима ва дигар муаллими кӯҳансол, ки хеле майдагап буданд, ҳамроҳ пахтаҳоро як-як бар кашида, менавиштанд. Ниҳоят ту ду халта бори вазнинро бо зӯр пуштора карда овардӣ. Ба ту ёрӣ доданӣ будам, аммо чашмони муаллимон ба сӯи ман дӯхта шуд. Сару рӯят арақшор буд. Як қабза мӯят болои чашму абрӯят афтода, тарҳи рӯйи сап-сафедатро боз ҳам зеботар мегардонид. Медонӣ тоқат карда натавониста, ҷаста хестаму халтаи пурборро аз китфат гирифтам. Муаллимон пичирросзанон ба сӯи ман менигаристанд. Ва худ ба худ «лӯбиёю каду – лаънат ба ҳар ду, яке сахту вай пӯк» гуфтаму аз назари онҳо дур шудам.
Ҳамон рӯз хонандагон баъди хӯроки бегоҳирӯзӣ ба саҳни хобгоҳ баромада, рақсу бозӣ карданд. Ҳаво торик шуда, лампаи электрӣ атрофро фурӯзон мекард. Ман барои сигоркашӣ берун баромада, ба хараки дарози таги девор нишастам.

Хотирпарешон будам. Ба худ савол медодам, ки чаро туро дӯст доштам? Охир ту гаҳворабахшӣ. Аммо чӣ илоҷ? Ин дили гарму ҷӯшони ман туро ҳар замон дидан мехоҳад. Ҳамин лаҳза ту бо се-чор писарону духтарон омада, ако, якто шеър хонед, ки лирикӣ бошад гуфтӣ. Ҳамсинфонат низ ба фикри ту ҳамроҳ шуданд. Ноилоҷ мисраъҳои зерин вирди забонам омад:
Чӣ ҷойи шубҳа кардан, дар ҳақикат ҳам ту зебоӣ,
Миёни хубрӯёни замона дурри яктоӣ.
Ту маҳбубӣ, ту дилбандӣ, ту ширинию барноӣ,
Ту нури чашми биноӣ, чароғи маҷлисороӣ.
Ба ту лек асло дил намебандам, намебандам,
Агар бандам диламро аз даруни сина мекандам.
Ҳама якбора «Чаро дил намебандад? Охир гӯянда маъшуқаашро ҳамин қадар таъриф кард» гӯён муроҷиат кардед. Табассуме кардаму «қаҳрамони лирикии шеър — ҷавонмарди оиладор, соҳиби зану фарзанд аст. Ӯ намехоҳад, ки он духтарро бадбахт кунад. Мардуми мо низ ба духтарони сарбанд ва гаҳворабахш даҳон намезананд» гуфтам. Инро шунида, бо чашмони ҳайратомӯз ба сӯи ман нигоҳ кардӣ. Рафиқонат давоми шеърро шуниданӣ буданд, ки тирезаи хобгоҳ кушода шуду он муаллимаи сиёҳдил номатро гирифта дод зад:

Ба хобгоҳ даро, вақти хоб шуд. Дар майдони пахта ҳам, шабонгоҳ ҳам бо ӯ…
Сухани охирин ба ту сахт таъсир кард, ки шитобон худро ба дарун задӣ.
Рӯзи дигар ҳама пои пиёда ба саҳро мебаромадем. Дар байни духтарон сархам мерафтӣ. Чашмонат варамида, рухсорат суп-сурх буд.
Мавсими пахтачинӣ ба охир расиду ҳама ба мактаб омадем. Аммо ман бисёр кор накарда, бо супориши ҳизб ба кори редаксия гузаштам.
Оё дар хотир дорӣ, ки ҳамон рӯз ба хонаи корӣ омада, «Ако, чизе нависед бо иловаи чанд мисраъ шеър, ки шуморо дар хотир нигоҳ дорам» — гуфтӣ. Ман бе ҳеҷ дудилагӣ коғазеро гирифта, аввал шарт гузоштам, ки номаро пас аз рафтани ман мехонӣ. Ту табассуми малеҳе карда, розӣ шудӣ.
Дар нома «Ту духтараки боақлу ҳушӣ. Кайҳо фаҳмида будам, ки гаҳворабахши як ҷавони некбахт ҳастӣ. Бигузор, дар ҳаёт бахт ёрат шавад. Ҷуфти ҳалоли ҳамон ҷавон бошу модари мушфиқи фарзандон. Ман ҳам туро дӯст медорам. Ҳар лаҳза туро дидан мехоҳам. То умр боқӣ ҳаст, мудом туро пеши назар меорам. Аммо дил дода, бахтатро, ҳаётатро чаппагардон карда наметавонам.
Акоят…» навиштам.
Бо ҳамдигар даст дода, хайрухуш кардем. Дастат­ро фишурда гуфтам:
Ба вақти хайру хуш бо рӯйи хандон,
Бигуфтӣ хайру дастамро фишурдӣ.
Намедонам чаро ҳамроҳат эй ҷон,
Диламро бурдию манро набурдӣ.
Аз байн қариб 30 сол гузашту бо ту боре ҳам рӯ ба рӯ нашудам. Ташвишҳои ҳаёт, маҷрои зиндагӣ одамро саргаранг мекардааст. Рӯзе се нафар духтаракони факултети филологияи донишгоҳ ба таҳририят омада гуфтанд, ки аз асрори журналистика маълумот диҳам. Бовар мекунӣ дилам қариб, ки аз қафас берун барояд. Чунки яке аз онҳо чун як себи ду кафон ба ту монанд буд. Чашмони ӯ, табассуму хандаҳои латифашро намегӯӣ. Аммо қомати духтарак мисли ту баландболо набуд. Напурсидам, ки модарат кист. Дили пурэҳсоси ман мегуфт, ки ин духтари туст.
Баъди гусели онҳо боз ба ҳамон даврҳо хаёлан сафар кардам. Ба хотирам омад. Ҳамроҳ ба олимпиадаи ноҳиявӣ рафтем. Ҷойи аввалро гирифтӣ. Дар бозгашт аз истгоҳи назди майдони Регистон ба автобус савор шудем. Одам чунон бисёр буд, ки ҳатто ҷойи сӯзан задан надошт. Вақте ки мошин ба роҳ даромад, ту мувозинатро гум карда, аз камарам маҳкам доштӣ. Чунон наздик шудӣ, ки нафаси гарматро баръало эҳсос кардам. Таппиши дилатро гӯш мекардам. Он лаҳза дилат мурғаки ногаҳ ба дом афтодаро мемонд.
Ман имрӯз он ҷавонписари гандумранги қадпасти қоқина нестам. Марди солори ботамкине мебошам, ки муҳаббати туро бо чашми дил ҳис мекунад, на бо эҳтироси беҳуда. Медонам, ки муҳаб­бати софу покиза танҳо аз бӯсу канор ва издивоҷу лаззати шаҳвонӣ иборат нест. Вай ба тӯю никоҳ ва дигар бурду бохти зиндагӣ низ коре надорад. Ҳамин муҳаббат буд, ки ҳангоми ишқварзӣ номусат­ро помол накардам. Ин мактуби беимзоро хулоса карда будам, ки ҳамсарам дарро кушод:

— Ҳоло ҳам навис-навис мекунед-ку. Ҳамин китобатон ба шумо чанд пул медиҳад, ман ҳайронам, — гуфт ва дарро бо иллат пӯшид. Тақарроси дар диламро ҳамоно сӯзиш дод ва худ ба худ гуфтам, ки:

— «Ҳамзистии зану марде, ки ҳамдигарро дӯст намедоранд, бадбахтист. Фақат ба хотири фарзандон ночор зиндагӣ мекунанд».
Шаб аз нисф гузашта буд. Завҷаам намедонист, ки ман китоб не, балки ба ту дарди дил менависам, муҳаббати софу беолоишамро гаштаю баргашта баён мекунам. Ин дили ман ҳар лаҳза туро дидан мехоҳад. Ба хаёлам ҳоло ҳозир ту, «ако як шеъри лирикӣ хонед» мегуфта бошӣ.
Бо ҳурмат акоят…»

Ҳамза ҶӮРА.