Масъалаи ривоҷдиҳии кластери пахтакорӣ муҳокима карда шуд

Масъалаи ривоҷдиҳии кластери пахтакорӣ муҳокима карда шуд

Дирӯз дар ҳокимияти вилоят бо ҳайати вакилони Саридораи Ташкилоти ҳамкории байналхалқии Олмон дар шаҳри Бонн – департаменти лоиҳаҳои саноатӣ ва глобалӣ, ки бо сарварии роҳбари департаменти мазкур Андреас Прокш ба Самарқанд омадааст, вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар он масъалаҳои ривоҷдиҳии кластерҳои пахтакорӣ ва саноати бофандагӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Хабар дода шуд, ки GIZ ба вилояти мо лоиҳаи грант ҷудо кардааст ва корҳо дар доираи лоиҳаи мазкур оғоз ёфтанд.
Дар доираи барномаи ташриф ҳайати намояндагон бо фаъолияти корхонаи кластери «Мароканд сифат текстил»-и ноҳияи Иштихон шинос шуданд.