Ҳеҷ як муроҷиат беэътибор намемонад

Ҳеҷ як муроҷиат беэътибор намемонад

Ҳокими вилоят Э. Турдимов дар садорати ҳудудии Палатаи савдо ва саноати вилоят қабули навбатии тадбиркоронро гузаронд.
Дар он аз шаҳри Самарқанд ва 7 ноҳияи вилоят 28 нафар тадбиркор барои додани ёрии амалӣ дар гирифтани бинои бекористода ва кредит, додани рухсат ба сохтмон, боздоштан ё вайрон кардани бино, додани замин, таъмини гармхона бо гази табиӣ, ба савдои электронии «Э-ИҶРО» гузоштани бинои бекористода ва рӯёндани музди хизматҳои расонида муроҷиат кардаанд.
16-то муроҷиатро то вохӯрӣ ба идораҳои дахлдор фиристода, муаммоҳои тадбиркоронро ҳал карданд.
Дар қабул бевосита 12 нафар тадбиркоре, ки масъалҳояшон ҳалли мусбӣ ёфтааст, иштирок карданд. Ҳангоми таҳлили муроҷиатҳо маълум шуд, ки аксарияти онҳо бо қарори ҳокимиятҳо, муаммоҳои додани замин, корҳои сохтмон ва сусткорӣ дар додани кредитҳои бонк вобаста будаанд. Аз ҷумла, роҳбари ҶММ «AZIM TRAVEL SERVICE» Шаҳло Азимова бо мақсади дохил кардани инвеститсия ба миқдори 1 миллион доллар ва сохтани меҳмонхонаи замонавӣ дар майдони замини собиқ мактаби рақами 47-ум ва хонаи меҳрубонии рақами 151-ум, (кӯчаи Хоҷа Аҳрори Валӣ, 157), ки ҳоло холӣ истодаанд, муроҷиат кардааст, ки майдони замини мазкурро ба тартиби муайяншуда тезтар ба ауксиони электронии «Э-ИҶРО» гузоранд. Маълум карда шуд, ки бинои мазкур рӯзҳои наздик ба тартиби дахлдор ба ауксион гузошта мешавад.
Ҳокими вилоят аз рӯи иҷрои ҳар як муроҷиат ба роҳбар ва ташкилотҳои дахлдор супоришҳои аниқ дод.

Хизмати матбуоти
ҳокимияти вилоят.