Моҳонаи кормандони мактабҳои бачагонаи мусиқӣ ва санъат зиёд гардид

Моҳонаи кормандони мактабҳои бачагонаи мусиқӣ ва санъат зиёд гардид

Ба мақсади ба дараҷаи сифатан нав бардоштани таълиму тарбия дар мактабҳои бачагонаи мусиқӣ ва санъат, пурзӯр гардондани ҳифзи иҷтимоии роҳбарон ва кормандони педагогии мактабҳои бачагонаи мусиқӣ ва санъат, ки тӯли солҳои зиёд бо меҳнати фидокоронаашон ба баланд бардоштани самарабахшии таълим ҳисса мегузоранд, инчунин минбаъд такмил додани низоми муносиб рағбатнок кардани меҳнат ва маҳорати эҷодии онҳо қарори Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон «Дар бораи такмил додани низоми пардохти музди меҳнат ва рағбатноксозии моддии роҳбарон, омӯзгорон ва консертмейстерҳои мактабҳои бачагонаи мусиқӣ ва санъат» имзо гардид.
Мувофиқи қарор:

Аз 1-уми октябри соли ҷорӣ ставкаҳои базавии тарифии кормандони мактабҳои бачагонаи мусиқӣ ва санъат:
– барои директорон ва муовинони директор – 1,5 баробар;
– барои омӯзгорон ва консертмейстерҳо – 1,25 баробар баланд бардошта шуд.
Амалиёти дар асоси озмун хоста гирифтани номзадҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар мактабҳои бачагонаи мусиқӣ ва санъат ҷорӣ мегардад.
Фарогирии низоми масофавии баланд бардоштани ихтисоси кормандони роҳбарикунандаи мактабҳои бачагонаи мусиқӣ ва санъат ба роҳ монда мешавад.
Бо мақсади куллан беҳтар гардондани ҷараёни таълиму тарбия дар мактабҳои бачагонаи мусиқӣ ва санъат дар асоси омӯхтани таҷрибаи пешқадами хориҷӣ:
– низоми замонавии баҳогузорӣ ба сифати таълим таҳия ва тасдиқ мегардад;
– нақшаҳои таълим ва барномаҳоро бо назардошти истифодаи васеи технологияҳои ахбору коммуникатсионӣ аз нав дида мешавад ва тасдиқ мегардад.
Барои баҳодиҳӣ ба фаъолияти омӯзгорон ва консертмейстерҳо, инчунин мазмун ва сифати таълим дар мактабҳои бачагонаи мусиқӣ ва санъат чораҳо андешида мешавад.