Назари танқидӣ ба фаъолияти «Боли ҷавонон»

Назари танқидӣ ба фаъолияти «Боли ҷавонон»

Дар Маркази ҷавонони вилоят таҳти мавзӯи «Саҳми ҳизбҳои сиёсӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар афзунсозии дониши ҳуқуқии ҷавонон ва ҳифзи манфиатҳои қонунии онҳо» тадбири тарғиботӣ гузаронида шуд.
Мутасаддиёни иттифоқи ҷавонони Ӯзбекис­тон, ҳизбҳои сиёсӣ, Шӯроҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ доир ба мувофиқгардонии фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрвандон, намояндагони Садорати таълими касбиву ҳунарӣ ва халқи вилоят иштирокдорони тадбир буданд.
Таъкид гардид, ки рӯзи 22-юми декабри соли 2019 рӯзи интихоботи депутатҳои Палатаи қонунофарии Маҷлиси Олии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ва депутатҳои Шӯроҳои маҳаллӣ гузаронида мешавад. Дар ин маъракаи муҳим қисми асосии иштирокдоронро ҷавонон ташкил мекунанд. Бинобар ин, таъмини иштироки фаъоли ҷавононе, ки бори аввал дар интихобот ширкат доранд, афзунсозии дониши сиёсӣ ва ҳуқуқии онҳо масъалаи муҳим ба шумор меравад.
Дар тадбир намояндагони Шӯрои вилоятии ҳизбҳо оиди самтҳои афзалиятноки фаъолият, тафовути интихоботи имсола аз ҷараёнҳои пешина маърӯзаҳо карданд. Фаъолияти сохторҳои «Боли ҷавонон»-и назди ҳизбҳо танқид карда шуд.
Дар доираи тадбири тарғиботӣ доир ба барномаи ҳизбҳои сиёсӣ видеонаворҳо ва намоишгоҳҳо пешкаши иштирокдорон гардид.

Шаҳноза ХОЛИҚОВА.