Дар нӯҳ моҳ гардиши савдои хориҷӣ 39,8 фоиз афзуд

Дар нӯҳ моҳ гардиши савдои хориҷӣ 39,8 фоиз афзуд

Дирӯз бо ташаббуси Садорати боҷхонаи вилоят бо иштироки журналисту блогерҳои нашрияҳои ҷумҳуриву вилоятӣ бо мақсади аз наздик шинос шудан бо шароитҳои мусоиди имрӯзаи соҳаи боҷхона барои иштирокчиёни Фаъолияти иқтисодии беруна (ФИБ) дар мисоли нуқтаи боҷхонаи ФИБ – и «Улуғбек» медиа – тур баргузор гардид.
Дар нуқтаи боҷхонаи ФИБ – и «Улуғбек» кормандони васитаҳои аҳбори оммавӣ бо шароитҳои барои фаъолият ва ходимон муҳайёгардида ва ҷараёни расмигардонии ҳуҷҷатҳои нуқтаи боҷхона шинос шуданд. Иштирокдорони тадбир дар истгоҳи «Ӯзтемирйӯлконтейнер» ва анбори он шуда, бо ҷараёни кории аз вагонҳо фаровардани борҳо, фоидабарӣ аз воситаҳои техникӣ дар давоми назорати боҷхона, хизматрасонии нозир – кинологҳо дар амалӣ гардондани назорати боҷхона шинос гардиданд. Дар давоми шиносоӣ дар нуқтаи боҷхонаи мазкур ҷонишини директори нуқтаи боҷхонаи ФИБ – и «Улуғбек», подполковники хизмати боҷхона Рустам Аҳмадҷонов, нозири нуқта Элбек Назаров доир ба фаъолияти нуқтаи боҷхона, ҷараёни кори ходимони боҷхона, шароит, навигариҳои соҳа ва ғайра маълумот доданд.
– Гардиши савдои берунаи нуқтаи боҷхонаи ТИФ – и «Улуғбек» дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ 609,63 миллион доллари ИМА – ро ташкил намуд, – гуфт зимни суханронӣ Р. Аҳмадҷонов. – Аз инҳо экспорт 62,45 миллион долларро, импорт бошад, 547,18 доллари ИМА – ро ташкил карда, нисбати соли гузашта гардиши савдои буруна ба 173,52 миллион доллари ИМА ба таври дигар 39,8 фоиз афзуд.
– Якчанд сол пеш барои расмигардонии ҳуҷҷатҳои моли ҷамъият 3 рӯз вақт мерафт, ҳоло бошад, дар на беш аз се соат ҳуҷҷатҳо расмӣ гардонида мешаванд, ки аз ин мо бисёр мамнунем, – гуфт ҳангоми расмигардонии ҳуҷҷатҳо ҷонишини директори Ҷамъияти масъулияташ маҳдуд (ҶММ) – и «Самэлектросервис» Икром Мӯҳсинов.
Баъди ҳамин, иштирокдорон дар анбори боҷхонаи тарзи кушоди тобеи корхонаи муштараки ҶММ «TEMUR SERVIS PLUS» шуда, бо молҳое, ки дар ин ҷо нигоҳ медоранд, ҷараёни даромадани мошинҳои боркашон, камераҳои видеоназоратии анборҳо ва ғайра шинос гардиданд.
Бояд гуфт, ки дар ин анборхона имрӯзҳо 20 тӯб молҳо, ки қиматаш 266,30 ҳазор доллари ИМА ва вазнаш 137,54 тоннаро ташкил мекунад нигоҳ дошта мешавад.
Журналистон инчунин бо фаъолияти анбори боҷхонаи корхонаи муштараки «Сам – антеп – гилам» – и шаҳри Самарқанд низ аз наздик шинос гардиданд.
Бояд гуфт, ки дар чунин тадбирҳои Садорати боҷхонаи вилоят иштироки журналисту блогерҳо барои боз ҳам батафсил ва таъсирнок баромадани маводе, ки аз ҷониби онҳо омода мегарданд, хизмат мекунад.

Ҷамшеди АСРОР.