Ашёи заргарии ғайриқонунӣ пешгирӣ шуд

Ашёи заргарии ғайриқонунӣ пешгирӣ шуд

Новобаста ба тарғиботи ҳуқуқие, ки байни аҳолӣгузаронида мешавад, баъзе шаҳрвандон то ҳол дар боҷхона ба ҳуқуқвайронкуниҳо роҳ медиҳанд.
Дар Аэропорти байналхалқии Самарқанд борҳои шаҳрванди Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Ш.И., ки бо авиарейси «Истамбул-­Самарқанд» омадабуд, ҳангоми гузаштан аз роҳрави «сабз»-и минтақаи назорати боҷхона аз ҷониби ходимони боҷхона санҷида шуд. Муайян гардид, ки дар дохили сӯмкааш 745,58 грамм ашёи заргарии аз металли сафед коркардашуда меорад, ки ин беш аз меъёри муқаррарӣ аст.
Дар маҷлиси суд, ки аз рӯйи ҳолати мазкур гузаронида шуд, эътироф гардид, ки шаҳрванд Ш.И. мувофиқи қисми 1-и моддаи 22722-и Кодекси ҷавобгарии маъмурӣ амали зидди қонунро содир намудааст. Нисбати ӯ дар асоси қисми 1-и моддаи 22722-и Кодекси ҷавобгарии маъмурии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ба миқдори 5 баробари миқдори камтарини музди меҳнат ҷазои ҷарима таъин карда шуд.
Инчунин, ашёи заргарӣ, ки арзишаш қариб ба 8 миллион сӯм баробар аст, аз рӯйи тартиби ҷорӣ ба фоидаи давлат мусодира карда шуд.
Хотиррасон мекунем, ки аз аввали соли ҷорӣ дар пости сарҳадии боҷхонаи «Аэропорти Самарқанд» ворид намудани зиёда аз 2 кг. ашёи заргарии ғайриқонунии беш аз меъёр, ки қимати умумиаш 94 миллион сӯмро ташкил мекунад, пешгирӣ шудааст.

Лазиз ҚАҲҲОРОВ,
муфаттиш-­инспектори калони пости сарҳадии боҷхонаи «Аэропорти Самарқанд»
.