22 нафар бо кор таъмин гардиданд

22 нафар бо кор таъмин гардиданд

Дар маҳаллаи Мирзабоғлон-­Чепи ноҳияи Ургут бо ҳамкории як қатор ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамоатӣ бо мақсади таъмини иҷрои яке аз панҷ ташаббуси муҳими аз тарафи сарвари давлатамон пешниҳодгардида, ки ба масъалаҳои бо кор таъмин кардани зан ва духтарон нигаронида шудааст, ярмаркаи меҳнат ташкил гардид.
Инчунин, дар ярмарка соҳибкорони ҷавон, ки дар асоси Барномаи давлатии «Ҷавонон – ояндаи мо» кредити имтиёзнок гирифта, фаъолияти истеҳсолиро ба роҳ мондаанд, маҳсулоти худро пешкаш карданд.
– Бо ёрии Хазинаи «Ҷавонон – ояндаи мо» ба миқдори 1 миллиард сӯм кредит гирифта, истеҳсоли маҳсулоти трикотажиро ба роҳ мондем, – гуфт роҳбари Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Ай йилдиз текс» Суннатилло Воҳидов. – Аз Хитой қариб 50-то таҷҳизоти замонавӣ овардем. То ҳол 30-то ҷойи нави корӣ ташкил кардем. Дар оянда мо мехоҳем бо васеъ кардани фаъолият шумораи ҷойҳои кориро зиёд кунем.
Дар ярмарка ҷойҳои холии корӣ ба ҷавонон пешниҳод карда шуда, 22 нафар бо кор таъмин гардиданд.

Ҳайдар ШОДИЕВ.