Интихоб, истифода ва баҳодиҳӣ ба китобҳои дарсии забонҳои хориҷӣ

Интихоб, истифода ва баҳодиҳӣ ба китобҳои дарсии забонҳои хориҷӣ

Шумо дар давоми фаъолияти омӯзгорӣ ягонто тавсияномаи услубӣ, дастури таълимӣ ё китоби дарсӣ навиштаед? Ҷавобҳо дар ин бобат ҳар хел аст. Баъзеҳо шуморо ба китобхона мефирис­танд. «Китобхона бошад, навиштан чӣ ҳоҷат», мегӯянд онҳо. Дигарҳо мегӯянд, ки кори онҳо китобнависӣ не, дарсдиҳӣ аст. Навиштани китобу дастуру тавсияномаҳо кори ходимони идораҳои таълим аст на моён, мегӯянд саввумиҳо.
Агар ба ин масъала дурусттар нигоҳ кунем, мебинем, ки ба ғайр аз омӯзгори фан ягон каси дигар ба китоби нави дарсӣ ба таври реалӣ ва дуруст баҳо дода наметавонад.
Дар ҳақиқат, синфхона мисли як санҷишхона аст.
Ҳар як китоби дарсии навро таълимгирандагон қабул мекунанд ё не. Мо – омӯзгорон ба синну сол ва дониши хонандагон нигоҳ карда китоби дарсӣ интихоб мекунем. Ин амал кори он қадар мушкил нест. Аз рӯйи он дарс додан ҳам душвории бисёр надорад. Аммо таълифи китоб ва ба сифати он баҳо додан кори хеле мураккаб аст. Мавзӯъҳои гуфтугӯ, грамматика, матнҳои хонишро байни муаллимҳои таҷрибадор тақсим карда, дар мобайни якчанд сол якҷоя як китоби хубе ба вуҷуд овардан мумкин.
Омӯзгор, тадқиқотчии калифорниягӣ С. Аллен Такер дар асоси илтимоси ҳамкасбони худ масъалаи баҳодиҳиро ба китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ дар мисоли забони англисӣ барои курси аввал дида баромада, мизонҳои баҳомониро таҳия кардааст.
С. Аллен Такер системаи мизонҳои аз 4 тоифа иборатро пешниҳод кард:

Талаффуз

Грамматика

Мазмун

Умумӣ
С. Аллен Такер 18 мизонро муайян ва ҳамаи онҳоро ба чор гурӯҳ тақсим кард. Дар гурӯҳи якум, албатта, талаффуз мебошад, яъне фонетика. Фонетика дар навбати худ аз се мизони дигар иборат аст:
а) Мизонҳои баҳодиҳӣ ва талаффуз

Пуррагии китоб

Ба гурӯҳ мувофиқ омадани китоб.

Амалиёти китоб.
б) Мизонҳои грамматика

Муайян будани рӯйхати структураҳо

Мувофиқ омадани пайдарпаиҳо

Намойиш ва машқҳои муайяни моделҳо

Амалиёти муайян.
в) Мизонҳои мазмун.

Бори функсионалӣ.

Воридшавии калимаҳо ва дараҷаи аз дигар истифода шудани онҳо

Мувофиқ омадани матн ва вазъиятҳо.
г) Мизонҳои умумӣ

Ҳақиқӣ будани материалҳо доир ба забон

Расида омадани материалҳое, ки дар қисми илова дода шудаанд

Нишондиҳандаҳои муайян барои муаллимоне, ки забони модариашон англисӣ нест

Салоҳияти муаллифи китоб

Мувофиқ омадани дараҷаи яклухтии китоб

Давомнокӣ (пайвастагӣ)-и китоб

Сифати таҳрир ва нашр

Нарх ва баҳои китоб
Дар боло ба ҳар як критерия (мизонҳо)-и овардашуда аз 0 то 5 балл баҳо додан мумкин. Инро мизони шкалаи баҳодиҳӣ мегӯянд.
Арзиш (қимат)-ашро аз 0 то 4 балл (хол) додан мумкин, яъне бо мизони шкалаи арзиш баҳо додан мумкин. Дар натиҷа ҳосилаи баҳо ва қимат пайдо мешавад.
Шумо дар баҳо додани ҳар як китоби дарсӣ ё дастури таълимӣ, ки дар шкалаи С. Аллен Такер оварда нашудааст, боз кадом мизонҳоро дароварданатон мумкин? Шумо ҳам дар ҷумҳурияти мо ба ҳар як китоби нави дарсӣ ё дастури таълимии нашршуда бемалол баҳо дода метавонед ва ба чӣ дараҷа, талаб ва эҳтиёҷи мо ҷавоб додани онҳоро муайян карда, дар ҷараёни дарс истифода бурданатон мумкин.
Дар поёни мақола бояд гуфт, ки ин тақдимоти ба китобҳои дарсӣ, ё дастурҳои таълимӣ ва ё тавсияномаҳо бахшидашуда дар асоси мақолаҳои аз маҷаллаи «Форум» («Forum», 1975) интихобшудаи С. Аллен Такер «Додани баҳо ба курси аввали китобҳои дарсӣ аз забони хориҷӣ», Ҷон Ли «Баҳо, интихоб ва истифодаи китобҳои дарсӣ» ва боз якчанд мақолаҳои дигар навишта шудааст.