Ҳикояҳои хурд
stack of books on the dark wood background. toning. selective focus on the middle book

Ҳикояҳои хурд

Ташрифи беҷо

Исроилбобо хост, ки ба руҳу арвоҳи гузаштагонаш дуои фотиҳа кунад. Бо ин мақсад вай наберачаи панҷсолаашро ҳамроҳ гирифта, ба сӯйи қабристони деҳа роҳ пеш гирифт.
Бобову набера сари ҳар қабри пайвандон нишаста, дуои фотиҳа хонданд. Вақти бозгашт, набераи аз сағонаҳои суратдору бошукӯҳ ба ҳайрат афтода, ба бобояш саволе дод, ки Исроилбобо дар ҷояш ба ҳайкал мубаддал гардид:
– Бобо, барои чӣ дар ин сангҳо сурати шумо нест?
– А? – дасту по хӯрд бобо. – Ҳа-­а, сурати ман-­мӣ? Рассомон кашидани сурати мана фаромӯш кардаанд, – ноилоҷ монд бобо.
– Расми шумоя кай мекашанд? – ҳамоно аз маҳмаддоноиаш намемонд набера.
– Ту кай, ки калон шавӣ, расми мана ба рассомон барои кашидан мефармоӣ, хуб?
– Хуб. Ман кай калон мешавам? – бача ҳамон саволборон менамуд.
– Сонитар. Одам оҳиста-­оҳиста калон мешавад, – гуфт бобо ба майли хотир ва косаи чашмонаш ғилқи об шуданд.
Бобо донист, ки синну соли бачаро ба ҳисоб нагирифта, ӯро беҷо ҳамроҳ овардааст.

Каду

Ду ҳамсоякампир дар курсичаҳои назди дарвозаашон нишаста, аз ҳар боғу роғ байни худ чақ-­чақ мекарданд.
– Э, аҷаб замона шуд-­да, дугона, – манаҳ метафсонд Осудакампир. – Пештар барои чор кило бор ба бозори Сиёб равуо мекардем. Ҳозир мағозаҳо пури сабзавот, аз зиравор сар карда, то худи «зелена» аз дӯкони маҳалла меёбед, ҳоҷати бозорравӣ нест. Баъзан «Дамас»-ҳо дар таги даратон «ди-­дид» гуфта сигнал медиҳанд. Мебароед, ки як мошин маҳсулот, хостагиатонро оварданд.
– Ҳа, дугона, – сухани ҳамсӯҳбаташро тақвият медод Озодакампир, – ҳатто дар дӯкони хӯрокворӣ носро баҳузур мефурӯшанд, ки носкашҳо овора шуда, ба бозори нос нараванд.
– Ин ҳоло ҳеҷ гап не, – боз булбули гӯё шуд кампири аввала, – дирӯз дарвозаамро як ҷавони барзангӣ тақ-­тақ карда «хола, каду намегиред-­мӣ?» гӯён пурсон шуд. «Кадуят чӣ хел? – гуфтам, – ширин-­мӣ, ё фач?» «Ман надонам, – гуфт ҳайрон шуда, – ба дарунаш надаромада бошам». «Ин тавр, ки бошад, – гуфтам, – дарвозаро аз берун пӯш, бачам». Ҳадаҳа ҷуфтака рост кард. Ҳӣ-­ҳӣ-­ҳӣ, – масхараомез қиқиррос зад Осудакампир.
– Э, кадомашро мегӯед, дугона, набераҳои духтарии ман ҳам, дар бозор хариду фурӯш мекунанд, зиндаги-­дия, – бечораҳолона арзи дил намуд кампири дуюм.
Ҳамин вақт мошинаи боркаши «Лабо» пайдо шуда, дар назди кампиракон таққӣ истод. Аз кабина ҷавони резапайкаре фаромада, кампири дуюмро ба оғӯш кашида гарму ҷӯшон пурсупос намуд. Вақти хайрухуш 5-6 кадуи калон-­калонро назди кампиракон фароварда, илова намуд:
– Аз давлати ман бичак пухта, ҳузур карда хӯред. Ин ба ҳардуятон, фақат дуо кунед, мешавад, – гуфту мошинашро ба роҳ андохт.
– Дугона, ризқи ману шумоя Худо худаш расонд, ана ин се каду азони шумо, сетои дигараш азони ман, – гуфт Озодакампир.
– О, ин чӣ хел мешавад, дугона, пулаша надодем-­ку? – дар хиҷолат монд Осудакампир.
– Духтарнабераам тӯҳфа кард, ба тӯҳфа пул намедиҳанд, дугона, – паст наомад Озодакампир.
Осудакампир аз гапи ду дақиқа пеш гуфтааш изо кашида, чун шалғам суп-­сурх гашт. Чунки каду муфт буд.

Насиҳат

Бобо ба корҳои наберагонаш эрод гирифта, ба насиҳаткунӣ даромад:
– Ту, Гулсара, ҳамаи корҳоят нағз-­куя, лекин ҷорӯб­ро ба девор рост намемонанд, ин убол аст, духтарам.
– Хуб шудааст, бобоҷон, – гуфт Гулсара ва аз паси ислоҳи хатояш шуд.
– Исто, исто, – сарзаниш кард вай набераи дуюмаш – Сардорро, ки замин побел мекард. – Белро ана ин тавр даст мегиранд, фаҳмидӣ?
– Фаҳмидам, бобоҷон, – гуфт Сардор ва аз рӯйи гуфти бобояш амал кард.
Набераи хурдӣ – Сайёдҷон ҳамроҳи бибиаш дар сари дастархон чой менӯшиданд. Бобо ба рафтори наберааш синчакорона нигариста, боз овоз баланд кард:
– Ҳай-­ҳай-­ҳай! Ин қадар нонро нонреза карда хӯрдан убол аст, бачем, ин нонрезаҳоро чида ба ягон ҷойи тозатар парто, ки мурғҳоят хӯранду ба ту «раҳмат» гӯянд.
– Хуб шудааст, бобоҷон, – Сайёдҷон гуфти бобояшро ба иҷро расонид.
Бобо озими кӯчабароӣ мекард, ки писарчаи ҳамсоя, ҷӯраи Сайёдҷон давида даромад. Писарак аз назди мӯйсафед гузашта рафтанӣ буд, ки ӯро аз роҳаш боздошт:
– Ие, салом канӣ, ҷони бобо? Саломатро хӯрдӣ магар?
– Ман салом доданӣ будам, бобо, – бача дар ҳолати ногувор монд. – Лекин шумо пешдастӣ кардед.
– Нағз не, ҷони бобо, саломро аз дур медиҳанд. Ин насиҳати мана фаромӯш накун.
– Хуб бобо, – гуфт бачаи ҳамсоя аз шарм лолагун гашта.
Бобо ба ҳама танбеҳ дода, худ намедонист, ки чойи пасмондаи пиёларо ба куҷо партояд? Ба ин тараф – он тараф нигаристу оқибат, ба даруни тубаки гул рехт.

Солеҳ Саид МУРОД.